Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, ҳушдор дод, ки гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон барои ҳамлааш ба Баландиҳои Ҷулон "баҳои сангин" хоҳад пардохт.
Ба гуфтаи ӯ, "Ҳизбуллоҳ" рӯзи 27-уми июл ба ин минтақаи зери назорати Исроил мушак сар дод. Гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" даст доштанашро дар ин ҳамла рад кард.
11 кӯдаку наврас кушта шудаанд.
Ин ҳамлаи маргбортарин ба як ҳадафи Исроил аз оғози даргирӣ миёни Телавив ва гурӯҳи тундрави "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон буд.
Вазири корҳои хориҷии Исроил гуфт, "шубҳае нест, ки “Ҳизбуллоҳ” ҳама хатҳои сурхро гузаштааст" ва "мо бо як ҷанги тамомайёр рӯбарӯ ҳастем".
Ин вазъ нигарониҳоро аз ҷанги эҳтимолии васеъмиқёс дар минтақа ба вуҷуд овардааст.
Баландиҳои Ҷулон аз соли 1967 таҳти назорати Исроил аст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чанд сол пеш онро қаламрави Исроил эътироф кард, вале баъзе аз кишварҳо ҳудуди Сурия медонанд.