Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи фаластинии “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд.
Изҳороти Бенямин Нетаняҳу рӯзи 16-уми январ садо дод.
Ба гузориши “Рейтерс”, ӯ гуфтааст, “Ҳамос” дар лаҳзаҳои охирин бахшҳое аз созиши ҳосилшударо бо миёнаравон ва Исроил нақз мекунад.”
Дар эъломия омадааст, то замоне миёнаравҳо ба Исроил хабар надиҳанд, ки “Ҳамос” ҳама бахшҳои созиши оташбасро пазируфт, кобинаи вазирони Исроил нишасте баргузор нахоҳад кард.
Қатар ва Иёлоти Муттаҳида рӯзи 15-уми январ эълон карданд, ки баъд аз 467 рӯз ҷанг, Исроил ва гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" бо созиши оташбас дар Ғазза ва озодии гаравгонҳо мувофиқат карданд.
Нахуствазир ва вазири корҳои хориҷии Қатар хабар дод, ки оташбас аз рӯзи 19-уми январ оғоз мешавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Исроил ва "Ҳамос" бо оташбас мувофиқат кардандҶанги ду тараф аз 7-уми октябри соли 2023 идома дорад. Баъди он ки ҷангҷӯёни “Ҳамос” дар ҳамла ба Исроил 1200 касро кушта, 250 тани дигарро гаравгон гирифтанд.
Мақомоти Ғазза мегӯянд, дар ҳамлаҳои Исроил дар 15 моҳи охир беш аз 46 ҳазор фаластинӣ, аз ҷумла занону кӯдакон, кушта шуданд.