Нетаняҳу гуфт, мардуми Эрон рӯзе озод хоҳанд шуд.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, дар Маҷмаи умумии Созмони Милал. Ню-Йорк, 24-уми сентябри 2026

Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, рӯзи 24-уми сентябр аз минбари Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк гуфт, ки мардуми Эрон рӯзе озод хоҳанд шуд.

Ӯ ин ҳарфҳоро замоне ба забон овард, ки гурӯҳе аз намояндагони давлату кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба нишони эътироз толорро тарк карданд.

Нетаняҳуро барои ҷанг дар Ғазза ва кушта шудани мардуми осоишта танқид мекунанд. Додгоҳи байнулмилалии Гаага ӯро ҷинояткори ҷангӣ унвон ва ҳукми боздошташро содир кардааст. Нетаняҳу ҷангро дар Ғазза дифоъ аз Исроил номида, иттиҳоми наслкуширо борҳо рад кардааст.

Сарвазири Исроил онҳоеро, ки пеш аз суханронии ӯ толори Маҷмаи умумии Созмони Милалро тарк карданд, “тарсу” номид.

Нетаняҳу гуфт, Исроил талош кардааст, ки монеи дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ шавад. Ӯ гуфт, дур нест, ки режими саркӯбгари Эрон нобуд шавад ва мардуми ин кишвар ба озодӣ бирасанд.

Вай кушта шудани Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ, раҳбари пешини Эронро яке аз муввафақиятҳо номид. Ин дар ҳолест, ки раисҷумҳури Эрон Масъуди Пизиишкиён онро амали ғайриқонунӣ ва ҷиноӣ номид.

Исроил ва Амрико рӯзи 28-уми феврали имсол ба Эрон ҳамла карданд ва бо вуҷуди қатъи ҳамлаҳо ҳанӯз таниш вуҷуд дорад. Иёлоти Муттаҳида ва Исроил Эронро ба он айбдор мекунанд, ки талош дорад, силоҳи ҳастаӣ бисозад.

Масъуд Пизишкиён, президенти Эрон, рӯзи 23-юми сентябр дар нишасти СММ гуфт, ки Ҷумҳурии Исломӣ “террорист нест” ва аз фанноварии сулҳомези ҳастаӣ даст намекашад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нетаняҳу гуфт, мардуми Эрон рӯзе озод хоҳанд шуд