Нерӯҳои Украина ду сарбози Куриёи Шимолиро асир гирифтаанд

Акс аз бойгонӣ

Раисҷумҳури Украина рӯзи 11-уми январ гуфт, ки нерӯҳои кишвараш ду сарбози Куриёи Шимолиро дар вилояти Курски Русия асир гирифтаанд. Куриёи Ҷанубӣ хабарро рӯзи 12-уми январ тасдиқ кард.

Ба қавли Владимир Зеленский, сарбозони Куриёи Шимолӣ ҳоло дар Киев ҳастанд ва мавриди таҳқиқи Хадамоти амнияти Украина.

"Ба монанди асирони дигар, ба онҳо низ ёрии зарурии пизишкӣ расонда шуд," -- навишт Зеленский дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Ӯ ба Хадамоти амнияти Украина дастур додааст, ки дастрасии хабарнигоронро бо сарбозони асируфтодаи Куриёи Шимолӣ таъмин кунад, то "дунё донад, ки чӣ мегузарад".

Президенти Украина барои асир гирифтани ду сарбози Куриёи Шимолӣ ба нерӯҳои кишвараш изҳори сипос кард.

"Ин кори осон нест. Сарбозони Русия ва Куриёи Шимолӣ одатан захмиёнро аз байн мебаранд, то дар бораи ҳузури Пхенян дар ҷанги зидди Украина осоре намонад," – шарҳ дод Владимир Зеленский.

Хабаргузории “Рёнҳап” дар моҳи декабри соли 2024 талафоти Куриёи Шимолиро дар ҷанги Русия алайҳи Украина 1100 кас шумурда буд.

Ба иттилои мақомоти амниятии Куриёи Ҷанубӣ, Пхенян барои фиристодани техника ва нерӯҳои иловагӣ ба Русия тайёрӣ мебинад.