Навбатпоии тӯлонӣ барои гирифтани патент дар Русия

Акс аз навори фиристодаи муҳоҷирон

Муҳоҷирони тоҷик дар Русия шикоят доранд, ки баъд аз 5-уми феврал навбатпойӣ барои таҳияи ҳуҷҷатҳо ва гирифтани патент дар Русия зиёд шудааст.

Рӯзи 5-уми феврал дар Русия рӯйхати шаҳрвандони хориҷие фаъол шуд, ки қонуншиканӣ кардаанд. Ба ин гурӯҳи муҳоҷирон то моҳи апрели соли равон муҳлат додаанд, ки ҳуҷҷатҳои худро дуруст кунанд.

Дар наворҳои фиристодаи муҳоҷирон аз шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург дида мешавад, ки анбуҳи зиёди одамон дар назди идораи муҳоҷират ҷамъ шудаанд.

Ба гуфтаи як муҳоҷир, маҷбуранд аз соати 2-3-и шаб навбат гиранд. Ин муҳоҷир ба Радиои Озодӣ навиштааст, кормандони идораи муҳоҷирати Санкт-Петербург дар 3 соат фақат 15 нафарро қабул мекунанд.

Бар асоси як фармони Владимир Путин, муҳоҷироне, ки то моҳи апрели имсол кор ва будубоши худро дар Русия қонунӣ намекунанд, аз ин кишвар ихроҷ хоҳанд шуд.

Пештар рӯйхати 120 ҳазор зодаи Тоҷикистон нашр шуд, ки дар қаламрави Русия ягон қонуншиканӣ кардаанд ва ба онҳо ихроҷ таҳдид мекунад.

Сиёсати зидди муҳоҷирон дар Русия баъд аз ҳамлаи маргбор ба толори “Крокус” дар баҳори соли 2024 шиддат гирифт.