Навбат дар марзи Қазоқистону Узбекистон. Молҳо аз Чин ба Эрон?

Акс аз бойгонӣ

Дар марзи Қазоқистон ва Узбекистон навбати тӯлонии мошинҳои борбар ба вуҷуд омадааст, ки шояд аз Чин ба Эрон тавассути кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳсулот мебаранд. Дар ин бора нашрияи эронии “Эътимод Онлайн” хабар дод.

Ба маълумоти ин расона, ҳазорон мошини борбари эронӣ, ки аз Чин меоянд, дар сарҳади Қазоқистону Узбекистон дар навбат мондаанд.

Тахмин меравад, дар пасманзари муҳосираи баҳрӣ, ки бо амалиёти низомии Иёлоти Муттаҳида ва Исроил алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ вобаста аст, роҳи заминӣ тавассути Осиёи Марказӣ барои интиқоли мол ба Эрон истифода мешавад.

Кумитаи гумруки Узбекистон будани навбатро дар марз тасдиқ кард, вале гуфт, видеои сафи тӯлонии мошинҳои борбар, ки дар интернет паҳн шудаанд, чанд рӯз пеш сабт шудаанд.

Мақомоти Қазоқистон низ таъсири вазъият дар Эронро ба ҳамлу нақли бор тавассути Осиёи Марказӣ эътироф кардаанд.

Нашрияи узбекии Kun.uz бо такя ба Кумитаи даромадҳои давлатии Қазоқистон навишт, ки бинобар вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва инчунин маҳдудиятҳо, борбарӣ ба Эрон ё баръакс бо истифода аз мошину роҳҳои заминӣ анҷом мешавад.

Сухан танҳо дар бораи эҳтимоли транзити молҳои чинӣ ба Эрон намеравад. Ҷониби Қазоқистон ҳамчунин афзоиши интиқоли борҳоро аз худи Эрон тавассути Осиёи Марказӣ ба самти Қазоқистон, кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва дигар давлатҳо сабт кардааст.

Бо вуҷуди ин, идораҳои расмӣ хабар надодаанд, ки чӣ миқдор аз мошинҳои борбаре, ки дар марзи Қазоқистону Узбекистон ҷамъ шудаанд, машғули интиқоли бор ба Эрон ҳастанд.