Натиҷаҳои 40 бозӣ дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026

Бозии тимҳои мунтахаби Эрон ва Белгия

Рақобатҳои даври дувуми марҳалаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки дар се кишвар - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика ҷараён дорад, 22-юми июн дар гурӯҳҳои G ва H баргузор шуданд.

Дар даври дувум дар гурӯҳи G мунтахаби Миср тими Зеландияи Навро бо ҳисоби 3:1 шикаст дода, аввалин пирӯзиашро ба даст овард. Бозии тимҳои миллии Белгия ва Эрон бидуни гол хотима ёфт. Бояд зикр намуд, дар дақиқаи 66‑ум ҳимоятгари белгиягиҳо Натан Нгой муқобили ҳамлагари эрониҳо, ки бо дарвозабон як ба як баромад, қоидаи бозиро вайрон кард ва мустақиман корти сурх гирифт.

Ин дувумин мусовии футболбозони ҳарду кишвар дар ин мусобиқа мебошад. Дар ин гурӯҳ Миср бо чаҳор имтиёз дар мақоми аввал аст. Эрону Белгия дуимтиёзӣ ва Зеландияи Нав як имтиёз гирифтаанд. Ҳарчор даста муборизаро барои роҳ ёфтан ба даври плей-офф идома медиҳанд. Дар даври севум 27-уми июн соати 08:00 бо вақти Душанбе Зеландияи Нав бо Белгия ва Миср бо Эрон рақобат мекунанд.

Дар даври дувуми рақобатҳои гурӯҳи Н мунтахаби Испания тими Арабистони Саудиро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод ва бозии мунтахабҳои Кабо-Верде - Уругвай бо ҳисоби 2:2 ба поён расид.

Дар ҷадвали ин гурӯҳ Испания бо чаҳор имтиёз пешсаф аст. Уругвай ва Кабо-Верде дуимтиёзӣ, Арабистони Саудӣ як имтиёз доранд. Ҳарчор даста барои роҳ ёфтан ба даври баъдӣ талош мекунанд. Дар даври севум 27-уми июн соати 05:00 бо вақти Душанбе Кабо-Верде бо Арабистони Саудӣ ва Уругвай бо Испания вориди рақобат мешаванд.

Ёдовар мешавем, алъон тимҳои миллии Мексика, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Олмон, ки бо шашимтиёзӣ дар гурӯҳҳои худ мақоми аввалро касб кардаанд, ба даври плей-оффи Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 роҳ ёфтаанд.

Ба ин тартиб, дар дувоздаҳ рӯзи мусобиқа 40 бозӣ доир гардид. 27 бозӣ бо пирӯзии яке аз дастаҳо хотима ёфт ва 13 дидор бо натиҷаи мусовӣ ба поён расид. Дар 40 бозӣ 121 гол зада шуд.

Дар ҳоли ҳозир дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Дениз Ундав (Олмон), Ҷонатан Дэвид (Канада) ва Лионел Месси (Аргентина) пешсафанд, ки ҳар кадом сеголӣ ба самар расонидаанд.

Аясэ Уэда (Ҷопон), Винисиус Жуниор (Бразилия), Ёсин Айорӣ (Шведсия), Ҳарри Кейн (Англия), Араухо Максимилиано (Уругвай), Броббей Мириан (Нидерланд), Даити Камада (Ҷопон), Йоҳан Манзамби (Швейтсария), Исмоил Сайбарӣ (Марокаш), Кайл Ларин (Канада), Кай Ҳавертс (Олмон), Коди Гакпо (Нидерланд), Крисенсио Саммервилл (Нидерланд), Килиан Мбаппе (Фаронса), Матеус Куня (Бразилия), Оярсабал Микел (Испания), Фоларин Балоган (ИМА), Элайҷи Ҷаст (Зеландияи Нав) ва Эрлинг Ҳоланн (Норвегия) дуголӣ задаанд.

Натоиҷи бозиҳои марҳалаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 ва мавқеи дастаҳои мунтахаб дар гурӯҳҳо:

Гурӯҳи А

Мексика – ҶАҶ (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) – 2:0

Кореяи Ҷанубӣ – Ҷумҳурии Чех – 2:1

Мексика – Кореяи Ҷанубӣ – 1:0

Ҷумҳурии Чех – ҶАҶ – 1:1

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Мексика22003-06
2Кореяи Ҷанубӣ21012-23
3Ҷумҳурии Чех20112-31
4Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ20111-31

Гурӯҳи В

Канада - Босния ва Ҳерсеговина – 1:1

Қатар – Швейтсария – 1:1

Канада – Қатар – 6:0

Швейтсария – Босния ва Ҳерсеговина – 4:1

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Канада21107-14
2Швейтсария21105-24
3Босния ва Ҳерсеговина20112-51
4Қатар20111-71

Гурӯҳи С

Бразилия – Марокаш – 1:1

Ҳаити – Шотландия – 0:1

Шотландия – Марокаш – 0:1

Бразилия – Ҳаити – 3:0

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Бразилия21104-14
2Марокаш21102-14
3Шотландия21011-13
4Ҳаити20020-40

Гурӯҳи D

ИМА – Парагвай – 4:1

Австралия – Туркия – 2:0

ИМА – Австралия – 2:0

Туркия – Парагвай – 0:1

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1ИМА22006-16
2Австралия21012-23
3Парагвай21012-43
4Туркия20020-30

Гурӯҳи Е

Кот-д’Ивуар – Эквадор – 1:0

Олмон – Курасао – 7:1

Эквадор – Курасао – 0:0

Олмон - Кот-д’Ивуар – 2:1

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Олмон22009-16
2Кот-д’Ивуар21012-23
3Эквадор20110-11
4Курасао20111-71

Гурӯҳи F

Шведсия – Тунис –5:1

Нидерланд – Ҷопон – 2:2

Нидерланд – Шведсия – 5:1

Тунис – Ҷопон – 0:4

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Нидерланд21107-34
2Ҷопон21106-24
3Шведсия21016-63
4Тунис20021-10

Гурӯҳи G

Эрон – Зеландияи Нав – 2:2

Белгия – Миср – 1:1

Белгия - Эрон – 0:0

Зеландияи Нав – Миср – 1:3

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Миср21104-24
2Эрон20202-22
3Белгия20201-12
4Зеландияи Нав20113-51

Гурӯҳи Н

Арабистони Саудӣ – Уругвай – 1:1

Испания – Кабо-Верде – 0:0

Испания – Арабистони Саудӣ – 4:0

Кабо-Верде – Уругвай – 2:2

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Испания21104-04
2Уругвай20203-32
3Кабо-Верде20202-22
4Арабистони Саудӣ20111-51

Гурӯҳи I

Ироқ – Норвегия – 1:4

Фаронса – Сенегал –3:1

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Норвегия11004-13
2Фаронса11003-13
3Сенегал10011-30
4Ироқ10011-40

Гурӯҳи J

Аргентина – Алҷазоир – 3:0

Австрия – Урдун – 3:1

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Аргентина11003-03
2Австрия11003-13
3Урдун10011-30
4Алҷазоир10010-30

Гурӯҳи К

Узбекистон – Колумбия – 1:3

Португалия – ҶД Конго – 1:1

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Колумбия11003-13
2ҶД Конго10101-11
3Португалия10101-11
4Узбекистон10011-30

Гурӯҳи L

Гана – Панама – 1:0

Англия – Хорватия – 4:2

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Англия11004-23
2Гана11001-03
3Панама10010-10
4Хорватия10012-40

Дар мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 ҳамагӣ 48 даста ширкат дорад. Дар маҷмӯъ 104 бозӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то ҳоло 40-тоаш доир гардид.

Дар марҳалаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дастаҳои мунтахаб ба 12 гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шуда, барои роҳ ёфтан ба плей-офф мубориза мебаранд.

Таркиби гурӯҳҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026:

Гурӯҳи A: Мексика, Африқои Ҷанубӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Чехия

Гурӯҳи B: Канада, Қатар, Швейтсария, Босния ва Ҳерсеговина

Гурӯҳи C: Бразилия, Марокаш, Ҳаити, Шотландия

Гурӯҳи D: ИМА, Парагвай, Австралия, Туркия

Гурӯҳи E: Олмон, Курасао, Кот-д’Ивуар, Эквадор

Гурӯҳи F: Нидерланд, Ҷопон, Тунис, Шведсия

Гурӯҳи G: Белгия, Миср, Эрон, Зеландияи Нав

Гурӯҳи H: Испания, Кабо-Верде, Арабистони Саудӣ, Уругвай

Гурӯҳи I: Фаронса, Ироқ, Сенегал, Норвегия

Гурӯҳи J: Аргентина, Алҷазоир, Австрия, Урдун

Гурӯҳи K: ҶД Конго, Португалия, Узбекистон, Колумбия

Гурӯҳи L: Англия, Хорватия, Гана, Панама

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, инчунин ҳашт тими натиҷаҳояшон хубтари ҷойҳои севум, дар маҷмуъ 32 даста, ба даври 1/16-ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Бозии ниҳоӣ рӯзи 19-уми июл дар варзишгоҳи «Метлайф Стэдиум» (MetLife Stadium), дар шаҳри Ист-Ратерфорд (иёлати Ню-Ҷерси, ИМА) доир мегардад.

Тақвими Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026

дар ИМА, Мексика, Канада (бо вақти Душанбе)

Марҳалаи гурӯҳӣ

Даври дувум

22 июн

22:00. Аргентина – Австрия

23 июн

02:00. Фаронса – Ироқ

05:00. Норвегия – Сенегал

08:00. Урдун – Алҷазоир

22:00. Португалия – Узбекистон

24 июн

01:00. Англия - Гана

04:00. Панама – Хорватия

07:00. Колумбия - ҶД Конго

Даври севум

25 июн

00:00. Швейтсария – Канада

00:00. Босния ва Ҳерсеговина – Қатар

03:00. Марокаш – Ҳаити

03:00. Шотландия – Бразилия

06:00. ҶАҶ - Кореяи Ҷанубӣ

06:00. Чехия – Мексика

26 июн

01:00. Курасао - Кот-д’Ивуар

01:00. Эквадор – Олмон

04:00. Тунис – Нидерланд

04:00. Ҷопон – Шведсия

07:00. Туркия – ИМА

07:00. Парагвай – Австралия

27 июн

00:00. Норвегия – Фаронса

00:00. Сенегал – Ироқ

05:00. Кабо-Верде - Арабистони Саудӣ

05:00. Уругвай – Испания

08:00. Зеландияи Нав – Белгия

08:00. Миср – Эрон

28 июн

02:00. Панама – Англия

02:00. Хорватия – Гана

04:30. Колумбия – Португалия

04:30. ҶД Конго – Узбекистон

07:00. Алҷазоир – Австрия

07:00. Урдун – Аргентина