Ҷангу даргирӣ, хушксолӣ ва гармои бепешина ҳосили пистаро дар Эрон ба таври чашмрас коҳиш додааст. Дар натиҷа, содироти ин навъи маҳсулот ба Чин низ ба маротиб кам шуда. Чин пистаро асосан аз Иёлоти Муттаҳида ва Эрон мехарад.
Бино ба иттилое, ки Шӯрои байнулмилалии меваҳои хушк моҳи июн нашр кард, истеҳсоли ҷаҳонии писта дар соли 2026-2027 қариб ба 701 ҳазор тонна хоҳад расид. Ин рақам нисбат ба соле пеш 36 дарсад камтар буда, бори аввал дар чор соли охир аз як миллион тонна поин омад.
Шаҳри Рафсанҷон дар вилояти Кирмон пистазори Эрон ба ҳисоб меравад. Ин кишвар дар умум қариб 600 ҳазор ҳектор боғи писта дорад. Дарахтони писта дар Эрон маъмулан аз моҳи апрел то моҳи май гул мекунанд. Ҳосил дар моҳи августу сентябр ҷамъоварӣ мешавад.
Яке аз бунёдгузорони Анҷумани пистакорони Эрон мегӯяд, дар ду соли охир дарахтони писта ҳам дар марҳилаи гулкунӣ ва ҳам дар давраи нашъунамои мева аз ҳарорати баланд осеб дидаанд. Ин ҳолат ба бисёре аз дарахтон зиён расонда, ба ҷамъоварии ҳосили хуб таъсир гузоштааст.
Беҳрӯз Огоҳ, яке аз муассисони Анҷумани пистакорони Эрон ба хабаргузории Рейтерс гуфтааст: "Гармии шадид дар моҳи апрел на танҳо ба ҳосили соли гузашта, балки бештар аз он ба ҳосили имсола зарари ҷиддӣ расонд. Маҳз ба ҳамин далел Эрон имсол ҳамагӣ ҳудуди 120 ҳазор тонна ҳосил дорад. Ҳол он ки мо бояд тақрибан 240-250 ҳазор тонна ҳосил мегирифтем."
Бо боло рафтани нархҳо ва фишор ба занҷираи таъминот, баъзе аз ширкатҳо шеваи хариди худро дигар кардаанд. Онҳо акнун на танҳо мағзи тайёри писта, балки онро бо пӯсташ низ мегиранд ва роҳҳои нави коркарди онро меҷӯянд.
Ян Ҷуан, мудири як ширкати чинӣ гуфтааст: "Бо дар назар гирифтани душвориҳои ҳозира дар занҷираи таъминот, мо пистаро бо пӯсташ мехарем ва сипас роҳҳои нави ҷудо кардани мағзи онро пайдо мекунем. Мо шабакаҳои нави таъминотро рушд медиҳем, ки ҳам аз лиҳози нарх ва ҳам аз назари дастрасӣ барои мо фоидаовар хоҳанд буд."