Натиҷаҳои беҳтарини варзишгарони тоҷик дар соли 2025

Тими Тоҷикистон дар Олимпиадаи исломӣ

Панҷ медали варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаҳои ҷудо ва бокс беҳтарин натиҷаҳои варзиши тоҷик дар мавсими соли 2025 мебошад.

Паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон моҳи июн дар шаҳри Будапешти Венгрия (Маҷористон) се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) ба даст оварданд.

Медали нуқраро Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило гирифт. Вай, ки ба рақобат аз даври дуюм шуруъ кард, намояндаи Испанияро мағлуб намуда, дар ҳаштякфинал бар паҳлавони гурҷӣ дастболо шуд. Эмомалӣ дар чорякфинал муқобили намояндаи Қазоқистон пирӯз гардид. Паҳлавони 23-солаи тоҷик дар даври ниманиҳоӣ бо ҳамватани худ Обид Ҷебов рақобат карда, ғолиб омад. Аммо Эмомалӣ дар финал барои медали тилло аз Такеши Такеокаи ҷопонӣ мағлуб гашт.

Ба Эмомалӣ Нуралӣ медали нуқра ва 15 ҳазор евро тақдим гардид. Ин аввалин нишони нуқра дар таърихи ҷудои тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон ба шумор меравад.

Паҳлавони 27-солаи тоҷик Обид Ҷебов, ки дар вазни то 66 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм намояндаи Маҷористон, дар ҳаштякфинал варзишгари русиягӣ, дар чорякфинал қаҳрамони дукаратаи олимпӣ ва чоркаратаи ҷаҳон Ҳифуми Абеи ҷопониро шикаст дод. Ҷебов, ки дар даври ниманиҳоӣ аз Эмомалӣ Нуралӣ мағлуб шуд, барои медали биринҷӣ бар Валиде Хяр аз Фаронса ғалаба карда, медали биринҷӣ ва 8000 евро гирифт. Ин аввалин ҷоизаи ӯ дар қаҳрамонии ҷаҳон аст.

Паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов дар вазни +100 кило, ки ба сабқат аз даври дуюм пардохт, рақибашро аз Кореяи Ҷанубӣ шикаст дод. Темур дар даври дуюм бар намояндаи Австрия пирӯз шуда, дар чорякфинал гуштигири муғулро мағлуб кард, аммо дар даври ниманиҳоӣ аз Инал Тасоеви русиягӣ ноком шуд. Раҳимов барои медали биринҷӣ бар Ушанги Кокауро аз Озарбойҷон ғолиб омад. Ин нахустин медали Темур Раҳимов дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон ба шумор меравад.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни мардон, ки моҳи декабр дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ барпо гардид, муштзанҳои тоҷик ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.

Хусравхон Раҳимов, ки дар таърихи бокси тоҷик аввалин шуда ба финали қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт, бо медали нуқра ва ҷоизаи молӣ дар ҳаҷми 150 000 доллар сарфароз гардид.

Ин муштзани 23-солаи тоҷик дар вазни то 57 кило дар рақобати аввал бар намояндаи Лесото, дар даври 1/8-ниҳоӣ бар варзишгар аз Муғулистон, дар чорякфинал бар муштзани Африқои Ҷанубӣ дастболо гардид ва ба марҳилаи ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Раҳимов бо шикаст додани Хуҷаназар Нортоҷиеви узбекистонӣ ба финал баромад, аммо дар даври ниҳоӣ аз Оразбек Асилқулови қазоқ шикаст хӯрд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Акмал Убайдов дар вазни то 60 кило ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуд. Ин муштзани 25-сола, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм рақибаш аз Англия, дар ҳаштякфинал намояндаи Македония, дар чорякфинал муштзани қазоқро шикаст дода, ба нимфинал баромад. Аммо Убайдов дар марҳилаи ниманиҳоӣ аз муштзани русиягӣ Всеволод Шумков мағлуб шуд ва соҳиби нишони биринҷӣ, инчунин ҷоизаи молӣ дар ҳаҷми 75 000 доллар гардид.

Муҳиддин Асадуллоев дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон байни ҷавонон, ки моҳи октябр дар шаҳри Лимаи Перу доир гардид, ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд. Вай дар вазни то 73 кило пас аз чаҳор пирӯзӣ бар рақибонаш аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Узбекистон, Алҷазоир ва Ҷопон ба финал роҳ ёфт. Муҳиддини 19-сола дар даври ниҳоӣ намояндаи дигари Ҷопон Рюсей Аракаваро шикаст дода, бо медали тилло сарфароз гашт.

Бояд тазаккур дод, Муҳиддин Асадуллоев баъди Сомон Маҳмадбеков ва Эмомалӣ Нуралӣ сеюмин ҷудокор аз Тоҷикистон аст, ки дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон медали тилло гирифтааст.

Дар байни занону духтарони тоҷик дар мавсими соли 2025 дастовардҳои Мадина Қурбонзода дар риштаи ҷудо беҳтарин аст. Вай дар Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар Риёзи Арабистони Саудӣ дар вазни то 52 кило барандаи медали нуқра гардида, инчунин дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни наврасон дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия медали тилло ва дар “Dushanbe Grand Slam 2025” нишони биринҷӣ ба даст овард.

Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ, ки бо иштироки беш аз 3000 варзишгари 57 кишвари олам аз рӯи 23 намуди варзиш моҳи ноябр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ доир шуданд, чорабинии бузурги варзишӣ ба шумор мерафт.

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо Тоҷикистонро 69 варзишгар дар 12 намуди варзиш намояндагӣ кард. Мунтахаби Тоҷикистон бо 6 медал (3 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи 28-умро гирифт. Шаш медалро варзишгарони тоҷик дар се ришта - ҷудо, тенниси рӯйи миз ва гуштии озод - ба даст оварданд.

Бояд гуфт, Тоҷикистон дар ҳисоби медалҳо нисбат ба Узбекистон 26 зина, нисбат ба Қазоқистон 21 зина ва аз Қирғизистон 14 зина поин ҷойгир шуд.

Ҳамин тариқ, натиҷаҳои нишондодаи варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар қиёс бо Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки моҳи августи соли 2022-юм дар шаҳри Қунияи Туркия баргузор шуданд, паст аст. Тоҷикистон дар Туркия ҳашт медал (се нуқра ва панҷ биринҷӣ) гирифта буд.

Дар умум варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар тули 20 сол 20 медал (1 нишони тилло, 7 нуқра ва 12 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Ягона медали тиллоро Дилшод Назаров дар аввалин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки соли 2005-ум дар Арабистони Саудӣ баргузор шуда буданд, дар гурзандозӣ гирифтааст.

Вале варзишгарони тоҷик соли 2025 натавонистанд дар қаҳрамонии ҷаҳон дар навъҳои олимпӣ медали тилло ба даст биёранд. Зимнан, пас аз пирӯзии гурзандози машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев дар қаҳрамонии ҷаҳон соли 1995 дар шаҳри Ҳётеборги Шведсия, то ҳоло касе аз Тоҷикистон дар навъҳои олимпии варзиш медали тилло нагирифтааст.

Тими миллии футболи Тоҷикистон имсол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А” бо тимҳои миллии Филиппин (2:2), Молдив (2:0; 3:0) ва Тимори Шарқӣ (1:0; 5:0) панҷ бозӣ анҷом дод. Дар ҳамин ҳол дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин 13-имтиёзӣ гирифтаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Тоҷикистон дар ҷойи аввал ва Филиппин дар ҷойи дуюм қарор доранд. Тимори Шарқӣ бо 3 имтиёз дар ҷойи сеюм ва Молдив бидуни имтиёз дар ҷойи чорум мебошанд.

Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин муборизаро барои роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, идома медиҳанд. Тақдири роҳхати ягона аз гурӯҳи “А” дар бозии даври охирини марҳилаи гурӯҳӣ байни тимҳои миллии Тоҷикистону Филиппин, ки 31-уми марти соли оянда дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир мегардад, ҳал хоҳад шуд.

Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, ки моҳи ноябр дар пойтахти Қатар - шаҳри Давҳа – дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2025 аз тимҳои Чехия (1:6), ИМА (1:2) ва Буркина-Фасо (0:2) шикаст хӯрд, бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шуда, аз ҳаққи ширкат дар даври плей-офф маҳрум гардид.

Ба назари коршиносон барои омодагии хубтари варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои ояндаи тобистонаи олимпӣ зарур аст, ки барномаи вижаи ҳукуматӣ таҳия ва роҳандозӣ гардида, маблағгузорӣ ба соҳа ҳам аз ҷониби ҳукумат ва ҳам аз ҷониби сарпарастон ба таври кофӣ ихтисос дода, дар ҷумҳурӣ Маркази омодагии олимпӣ бунёд карда шавад.