Як шоири тоҷик дар бораи Қобилҷон Алиев, навраси 10-солаи тоҷик, ки ҳашт моҳ пеш дар Русия ба таври ваҳшиёна кушта шуд, китоб навиштааст.
"Достони Қобилҷон"-и шоир Салоҳиддин Мирзозода дар нашриёти "Эр-Граф" бо теъдоди 200 нусха чоп шуд.
Нилуфар Сафоева, модари Қобилҷон Алиев, ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, китоб аз пешгуфтор ва достони шеърӣ дар бораи писараш иборат аст.
Пайкари Қобилҷон Алиевро рӯзи 18-уми декабри соли 2025 дар ноҳияи Шаҳринав дафн карданд
Қобилҷон Алиеви даҳсола рӯзи 16-уми декабри соли 2025 дар мактаби ноҳияи Одинтсово дар вилояти Маскав кушта шуд.
Ҳамлавари ноболиғ бо корд ба мактаб ворид шуда, аввал посбони мактаб ва сипас Қобилҷонро теғ зад.
Қатли навраси тоҷик вокуниши зиёдеро дар ҷомеа барангехт ва сабаб шуд, ки мақомоти баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати умури хориҷӣ ин қазияро бо ҳукумати Русия дар миён бигузоранд.
Бо гузашти ҳашт моҳ то ҳол мурофиаи додгоҳии нафари муттаҳам ба қатли Қобилҷон Алиев оғоз нашудааст.