Аксҳои маҳвораӣ ва дигар манбаъҳо тасдиқ мекунанд, ки дар паи ҳамлаҳои паҳподҳои украинӣ ба фурудгоҳҳои Русия на камтар аз даҳ ҳавопаймои бомбаандози стратегии ин кишвар нобуд карда шудааст. Таҳлилгари фанновариҳои нав Крис Биггерс рӯзи душанбе аксҳои маҳвораиеро аз фурудгоҳи Белая дар вилояти Иркутск нашр кард, ки баъди ҳамлаи паҳподҳои украинӣ бардошта шудаанд.
Дар ин аксҳо дида мешавад, ки дар ин пойгоҳи ҳавоӣ чор ҳавопаймои бомбаафкани навъи Ту-95 ва ҳамин қадар ҳавопаймои Ту-22 нобуд карда шудааст. Феълан чунин аксҳо дар робита бо вазъи пойгоҳи ҳавоии Оленйя дар вилояти Мурманск дар даст нест, вале аз рӯи наворҳои дронҳое, ки онро Хадамоти амнияти Украина нашр кард, дида мешавад, ки нирӯҳои украинӣ ҳамлаҳои бесобиқаеро ба фурудгоҳҳои Русия анҷом додаанд.
Корбаре бо номи Intelshizo дар бораи нобуд карда шудани 7 бомбаандози стратегии Ту-95 (боз як ададаш осеб дидааст), 4 бомбаафкани стратегии Ту-22 ва як ҳавопаймои ҳарбии нақлиётии навъи Ан-22 дар фурудгоҳҳои Белая ва Оленйя хабар додааст.
Хадамоти амнияти Украина гуфт, ки дар натиҷаи ҳамлаҳо ба фурудгоҳҳои чандин вилояти Русия “34% ҳавопаймоҳои мушакандоз дар қароргоҳҳои асосии фурудгоҳҳои Русия осеб дидаанд”, яъне 43 адад. Феълан имкони санҷидани дурустии ин изҳорот тавассути манбаъҳои мустақил вуҷуд надорад.
Дар бораи нобуд карда шудани ҳавопаймоҳо дар вилоятҳои Мурманск ва Иркутск далелҳои собитшуда дар даст ҳаст. Вазорати дифои Русия гуфт, ҳамлаҳо ба вилоятҳои Иваново, Рязан ва Амур, ки дар бораашон украиниҳо хабар доданд, безарар гардонида шудаанд.