Нархи патент дар шаҳрҳои калони Русия боло меравад

Яке аз марказҳои сабти муҳоҷирон дар Русия

Соли оянда нархи патент ё иҷозатномаи кор барои муҳоҷирон дар шаҳрҳои калони Русия боло меравад.

Ба гузориши расонаҳои русӣ, аз моҳи январи соли 2026 нархи патент барои муҳоҷирон дар шаҳри Маскав 10 ҳазор рубл хоҳад шуд. Имсол патент дар пойтахти Русия 8 ҳазору 900 рубл арзиш дошт.

Ҳамчунин аз соли оянда нархи патент дар Санкт-Петербург, дувумин шаҳри бузурги Русия аз 6 ба 8 ҳазор рубл афзоиш меёбад.

Соли 2026 арзиши иҷозатномаи кор дар Екатеринбург 9500 рубл, дар Қазон 7940 рубл ва дар Севастопол 12 ҳазору 340 рубл хоҳад буд.

Масъулин дар вилояти Новосибирск ҳам гуфтаанд, арзиши иҷозатномаи корро 11 дарсад боло мебаранд. Аз соли 2026 нархи патент дар ин вилоят 10 ҳазору 860 рублро ташкил хоҳад дод, ки нисбат ба соли ҷорӣ 2950 рубл бештар будааст.

Дар вилояти Иркутск ҳам муҳоҷирон барои патент ба ҷойи 10 ҳазору 900 рубл бояд 12 ҳазору 231 рубл пардохт кунанд.

Қонунгузорон дар Камчатка рӯзи 28-уми октябр эълон карданд, ки нархи патент аз 9 ҳазору 27 рубл ба 13 ҳазору 776 рубл боло бурда мешавад.

Аксар муҳоҷирони тоҷик дар Русия тариқи патент фаъолият доранд ва пайваста аз нархи баланди он шикоят мекунанд.

Бидуни патент дар Русия кор кардан манъ аст ва ҳамасола садҳо муҳоҷир бо ҳамин далел ронда мешаванд.