Нархи ҷаҳонии нафт панҷ дарсад боло рафт

Тангаи Ҳурмуз.

Дар пайи оғози ҳамлаҳои Амрико ба Эрон дар шаби гузашта, қимати ҷаҳонии нафт панҷ дарсад афзоиш ёфт. Қимати ҳар бушка нафти "брент" ба 94,5 доллар расид ва қимати нафти хоми West Texas Intermediate ҳам аз марзи 90 доллар дар ҳар бушка, убур кард.

Афзоиши қимати нафт дар ду рӯзи ахир бо боло гирифтани танишҳо миёни Эрон ва Амрико ва ҳамлаҳо ба чанд туфангкаш дар тангаи Ҳурмуз шидат гирифтааст.

Пештар ва бо эълони мақомҳои амрикоӣ дар убури туфангкашҳо аз масири зери назорати артиши ин кишвар дар тангаи Ҳурмуз, қимати нафт коҳиш ёфта буд.

Ҳамлаҳои рӯзи сешанбеи артиши Амрико чанд соат пас аз он анҷом шуд, ки манбаъҳои амнияти баҳрӣ эълон карданд, ки ду туфангкаши ҳомили нафти Арабистони Саудӣ шоми 31 август ҳангоми убур аз бахши ҷанубии тангаи Ҳурмуз ҳадафи партобҳои ношинос қарор гирифтанд.

Доланд Трамп, раисҷумҳури Амрико эълон кард, ки дар ҳоли "ба даст гирифтани зимоми умур" дар тангаи Ҳурмуз аст ва ҳар шаб "30 киштӣ" аз ин оброҳа убур мекунад.

Аз сӯи дигар, Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси порлумони Эрон бо нашри як паёми видеоӣ чанд соат пеш аз ҳамлаҳои нави Амрико бори дигар мавзеи Теҳрон дар бораи ин оброҳаро такрор кард ва гуфт, "иҷозаи убур аз масири ҷанубии тангаи Ҳурмузро нахоҳем дод".