Нақшаи нави ислоҳот дар зиндонҳои Тоҷикистон. Чиро дигар мекунанд?

Яке аз зиндонҳои Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи нави ислоҳотро дар низоми зиндонҳо то соли 2030 тасдиқ кардааст. Барнома охири моҳи июн қабул шуда, Радиои Озодӣ матни онро 15-уми август дид. Санад истифода аз ҳушвора (ҳуши маснӯӣ) барои назорати зиндониён, азнавсозии нуқтаҳои тиббӣ ва беҳтар кардани хӯроки маҳбусонро пешбинӣ намудааст.

Кадом маҳбусонро ҷудо медоранд?

Дар банди аввали барномаи ҳукуматӣ омадааст, ҳар сол бояд на камтар аз ду бор машқҳо “барои пешгирии бетартибиҳои оммавӣ ва рафъи ҳамла ба муассисаҳои низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ” анҷом шаванд.

Давоми ҳашт соли охир дар зиндонҳои Тоҷикистон, аз ҷумла маҳбасҳои Хуҷанд ва Ваҳдат ошӯб сар зад ва даҳҳо маҳбус ва кормандони зиндонҳо кушта шуданд. Ҳомиёни ҳуқуқ Тоҷикистонро барои истифодаи аз ҳад зиёди нерӯ алайҳи зиндониён танқид карданд. Мақомот ин танқидро напазируфтанд.

Як нуктаи баҳсбарангез дар барномаи нав, таҳияи лоиҳаи қонун “вобаста ба ҷудо нигоҳ доштани категорияи муайяни маҳкумшудагон дар шароити ҳуҷраҳои алоҳида” аст.

Ҷузъиёти бештар оварда нашудааст, ки кадом гурӯҳи маҳбусон аз дигарон бояд ҷудо нигоҳ дошта шаванд. Танҳо ишора шудааст, ки ҳадаф аз ҷудо нигоҳ доштани маҳбусон “таъмини амният ва фаъолияти муътадили” зиндонҳо аст.

Инро ҳам хонед:

Муҳокимаи 68 зиндонӣ. Нақшаи ошӯби "Ҷамоати Муваҳиддин" дар зиндони Хуҷанд? ВИДЕО

“Насби дастгоҳи шинохта чеҳра”

Нақшаи нав ҳамчунин мақомотро вазифадор мекунад, ки таҷрибаи кишварҳои дигарро “дар самти истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ барои назорати маҳкумшудагон” омӯхта, онро дар маҳбаси 3/2 татбиқ кунанд.

Барнома пешбинӣ мекунад, ки то соли 2030 ҳадди ақал дар шаш зиндони кишвар “таҷҳизоти шинохти чеҳра (Face Id) барои ҳайати махсус” насб шавад. Ҳадаф аз ин кор “зери назорати доимӣ қарор додани ҳаракати маҳкумшудагон дар дохили муассисаҳои ислоҳӣ” гуфта шудааст. Маблағи ин таҷҳизот, ба гуфтаи мақомот, бояд аз ҳисоби буҷа ва шарикони рушд пардохт шавад. Ҳаҷми ин маблағ гуфта нашудааст.

Мақомот ҳамчунин мехоҳанд, давоми панҷ соли оянда барои таъмини амнияти кормандони зиндонҳо “таҷҳизоти муосири махсус” харидорӣ кунанд.

Сохтани дармонгоҳ баъди шикоятҳо

Ислоҳот дар низоми маҳбасҳои Тоҷикистон тирамоҳи соли 2018 баъди ошӯб дар маҳбаси низомаш сангини шаҳри Хуҷанд оғоз шуд. Вале бо вуҷуди эълони ислоҳот, хабарнигорон ҳамоно ба дохили зиндонҳо ҳаққи ворид шудан надоранд. Танҳо намояндагони Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон ҳамроҳи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳар чанд вақт аз зиндонҳо боздид мекунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Писараш гуфт, вазъи Саидумар Ҳусайнӣ дар зиндон “хуб нест”

Як шикояти асосии наздикони маҳбусон дар солҳои охир набудани шароити муносиби табобат дар зиндонҳо аст. Аз ҷумла, пайвандони Саидумар Ҳусайнӣ, муовини пешини раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аз афзоиши фишори равонӣ ва вазъи нохуби ӯ шикоят карданд. Музаффар Ашӯриён, вазири адлия моҳи июл гуфт, Ҳусайнӣ ва дигар маҳбусоне, ки аз саломатиашон шикоят мекунанд, "доим таҳти назорат ҳастанд”.

Ҳадафи дигари мақомот, ки дар барнома зикр шудааст, “зиёд намудани маблағгузории хариди хӯрокворӣ барои маҳкумшудагон” гуфта шудааст. Чӣ қадар зиёд шудани маблағ барои хӯроки маҳбусон зикр нашудааст. Наздикони баъзе аз зиндониён мегӯянд, худи онҳо ба азизони зиндонияшон ғизо мебаранд.

Азамат Шамбилов, коршиноси байнулмилалӣ, ки аз зиндонҳои Тоҷикистон боздид кардааст, дар як суҳбаташ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, шароити зисту нигаҳдории маҳбусон рӯ ба беҳбуд овардааст, аммо барои дигаргунии куллӣ дар низоми зиндонҳо бояд кори зиёде анҷом дод.

Дар Тоҷикистон 19 боздоштгоҳ ва зиндон ҳаст. Мақомоти Тоҷикистон дар суҳбатҳои худ аз беҳтар шудани шароити боздоштгоҳу зиндонҳо суҳбат мекунанд. Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар соли 2024 "аз ҳад зиёд будани зиндониҳоро дар маҳбасҳои Тоҷикистон" мушкили ҷиддӣ номид.