Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон 98 дарсад иҷро шудааст. Дар ин бора Вазорати мудофиа рӯзи 20-уми ноябр хабар дод.
Ба иттилои ин ниҳод, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе нақшаро пурра иҷро кардаанд. Дар вилояти Суғд нақшаи даъват 96 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳур 97 дарсад амалӣ гардидааст.
Даъвати тирамоҳии ҷавонон 1-уми октябр оғоз гардида, то 30-юми ноябр идома мекунад. Рӯшан нест, ки давоми даҳ рӯзи боқимонда вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳур метавонанд нақшаи даъватро пурра амалӣ кунанд.
Вазорати дифоъ аз зиёд шудани сафи ҷавононе, ки ихтиёран ба артиш мераванд, тавсиф кардааст. Аммо сокинони баъзе аз минтақаҳои кишвар аз сарбозшикор ё "облава" ва фишори мақомот шикоят доранд.
Аз ҷумла, дар моҳи октябри имсол наворе ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки ба гуфтаи муаллифаш лаҳзаи "облава"-и як ҷавон дар шаҳри Кӯлоб аст.
Вазорати дифои Тоҷикистон дар вокуниш ба ин гузориши Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодиса ба "облава" ё сарбозшикор рабт надорад", балки лаҳзаи боздошти як гумонбар дар фурӯши маводи мухаддири "Лирика" аст.
Аммо наздикони Суннатулло Мирзоев, ҷавоне, ки лаҳзаи боздошташ дар навор сабт шудааст, ҳарфҳои мақомотро рад карда гуфтанд, ӯ ба фурӯши маводи мухаддир ягон рабт надорад ва ҳатто носу сигор намекашад.
Хидмат дар артиш барои ҷавонони аз 18 то 27-сола ҳатмӣ буда, сарпечӣ аз он ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ мекунад.