Бонки чинӣ ба Тоҷикистон 800 миллион доллар медиҳад

Акс аз сомонаи президенти Тоҷикистон

Дар Пекин як нақшаи дарозмуддати сармоягузорӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ ба имзо расид. Сомонаи президенти Тоҷикистон рӯзи 11 май хабар дод, ки барои иҷрои ин нақша бонк беш аз 800 миллион доллари амрикоӣ ихтисос медиҳад.

Имзои санадҳо баъди мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ Зоу Ҷиайи барпо шуд. Ҷузъиёте аз ин беш нашр намешавад.

Раҳмон бо ҳадафи як сафари серӯзаи давлатӣ дар Чин қарор дорад ва ин сафар то 14 май давом мекунад. Дар сӯҳбат бо Ҷиайи, “таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои зерсохторӣ, ба мисли энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, обрасонӣ, технологияҳои рақамию “сабз” ва ҳамчунин кишоварзӣ зоҳир гардид”, гуфта шудааст дар хабар. То ҳол ин бонк ба Тоҷикистон барои иҷрои як қатор лоиҳаҳои зерсохторӣ 400 миллион доллар кӯмак кардааст.

Чин сармоягузори муҳими иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад ва ҳамзамон бо ёриҳои афзоянда, ба бовари мунаққидон, вобастагии сиёсию молии Душанбе аз Пекин ҳам афзун мешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ширкатҳои Чин ва Тоҷикистон қариб 30 созишномаи нав имзо кардандЭмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Чин рафтЭмомалӣ Раҳмон ба Чин меравад