Намояндаи Русия дар СММ гуфт, "басеҷ дар назар нест"

Василий Небензя, намояндаи Русия дар Созмони Милал

Намояндаи Русия дар Созмони Милал гуфт, то ҷое ӯ медонад, пас аз интихоботи порлумонии моҳи сентябр дар кишвараш сафарбарии умумӣ ё басеҷ (басиҷ) ба артиш дар назар нест.

Василий Небензя ин нуктаро дар посух ба суоли як рӯзноманигори украинӣ баён дошт.

Рӯзноманигор аз Небензя пурсид, оё ӯ хабар дорад, ки ҳоло ҳазорҳо мард аз Русия ба Гурҷистон мегурезанд.

Намояндаи Русия дар Созмони Милал гуфт: "Дар бораи сафарбарии умумӣ дар Русия нигарон набошед. Фикр мекунам, ин мавзуъ борҳо дар сатҳи расмӣ шарҳ дода шудааст. Ҳозир ба мо басеҷ даркор нест ва он ба нақша гирифта нашудааст."

Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, низ хабарҳоро дар бораи омодагӣ ба басеҷи навбатӣ "сафсата" ва "иғво" номид.

Пештар Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, изҳорот дода буд, ки мумкин аст Русия садҳо ҳазор нафарро ба ҷабҳа фиристад.

Бино ба арзёбии Ҳадамоти Ҷосусии Бритониё дар охири моҳи майи имсол, аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина то кунун тақрибан 500 ҳазор сарбози рус кушта шудаанд.

Дар пайи сафарбарии густурдаи соли 2022, дар моҳҳои аввали таҷовузи Русия ба хоки Украина, садҳо ҳазор нафар аз Русия фирор карда буданд.