Исломиддин Файзалӣ, намояндаи пешини ҲНИТ, аз зиндон озод шудааст

Исломиддин Файзалӣ дар соли 2020 дар мурофиаи паси дарҳои баста ба панҷуним сол ҳабс маҳкум шуда буд

Як узви пешини ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аз зиндон озод шудааст.

Исломиддин Файзалӣ дар соли 2020 дар мурофиаи паси дарҳои баста ба панҷуним сол ҳабс маҳкум шуда буд.

Аз он вақт то ҳоло ҷузъиёти парванда ва ҳукмаш дастрас нест.

Ба иттилои Саидисҳоқ Бобоев, яке аз хешовандони Исломиддин Файзалӣ, “ӯ рӯзи якуми феврал аз маҳбаси “Якум Советский” дар Душанбе раҳо шуд.”

“Тибқи қонуни афв муҳлати ҷазояшро як сол кам карда буданд,” – афзуд ӯ.

Саидисҳоқ Бобоев дар Аврупо кору зиндагӣ мекунад. Вай гуфт, хонаводаи Исломиддин Файзалӣ “аз озодии ӯ хушҳоланд”, вале аз суҳбати бештар дар бораи қазияаш парҳез мекунанд. Биноан, то ҳол дақиқ нест, ки ӯ қариб панҷ солро бо чӣ гуноҳе дар зиндон гузаронд

"Танҳо ҳамин нукта маълум аст, ки мақомоти амниятӣ мехостанд, ӯ дар филми "Хиёнат" алайҳи раҳбарони ҲНИТ сухан гӯяд. Чун розӣ намешавад, боздошту ҳабс кардаанд," – илова кард Саидисҳоқ Бобоев.

Исломиддин Файзалии 63-сола дар гузашта узви Раёсати олӣ ва узви Академияи исломии ҲНИТ буд. Ӯро дар моҳи августи 2020 аз хонааш дастгир ва моҳи октябри ҳамон сол ба зиндон андохтанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломиро дар кӯшиши “табаддулот”-и моҳи сентябри соли 2015 гунаҳкор ва даҳҳо узв ва фаъолонашро боздошту зиндонӣ кард. Бархе аз онҳо дар Аврупо паноҳанда шудаанд. Раҳбарони ҳизб, ки берун аз Тоҷикистон қарор доранд, иттиҳомҳоро беасос меноманд.