Намояндаи ИМА дар нишасти G20 иштирок намекунад

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии ИМА

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии ИМА аз ширкат дар нишасти "Гурӯҳи 20", ки дар Африқои Ҷанубӣ баргузор мешавад, худдорӣ кардааст.

Ин гурӯҳ 20 кишвари пешрафтаи саноатии ҷаҳонро муттаҳид мекунад, ки дар нишастҳояшон маъмулан дар масъалаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва тиҷоратӣ дар ҳамоҳангӣ бо ҳам тасмим мегиранд.

Нишасти навбатӣ рӯзҳои 20-21-уми феврал бояд баргузор шавад.

Марко Рубио дар саҳифааш дар X навиштааст, ки Африқои Ҷанубӣ "корҳои нохуб" мекунад, аз ин рӯ, ба ин кишвар намеравад.

Ӯ гуфтааст, ки ин кишвар ноодилона заминҳоро аз соҳибонашон мегирад.

Манзури Рубио аз қонунест, ки тақсими одилонаи замин дар ин кишварро дар назар гирифтааст.

Вазорати корҳои хориҷии Африқои Ҷанубӣ дар изҳороте ҳарфҳои Рубиоро рад ва аз қонуни мусодираи замин ба фоидаи мардум пуштибонӣ кардааст.

Пештар Доналд Трамп, президенти ИМА низ Африқои Ҷанубиро танқид карда гуфт, ки кумак ба ин кишварро қатъ мекунад.

"Гурӯҳи 20" соли 2008 пас аз бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ташкил шуд ва ҳадафаш ҳамоҳангии кишварҳо дар масоили иқтисодӣ аст.