Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон мегӯяд, ки дар нишасти фавқулодаи Гурӯҳи тамоси намояндагони вижаи Осиёи Миёна дар бораи Афғонистон, роҷеъ ба вазъияти кунунии ин кишвар ва густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ гуфтугӯ шудааст.
Ин нишаст рӯзи 16-уми феврал дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор шуд. Ҳеч намояндае аз Афғонистон дар он ҳузур надошт.
Дар эъломияи Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон омадааст, ки дар нишаст роҷеъ ба ҳамкориҳо дар бахши нақлиёт ва боркашонӣ аз тариқи Афғонистон ва низ амнияти минтақаӣ баҳсҳо сурат гирифтааст.
Эркин Тукумов, намояндаи вижаи Қазоқистон барои Афғонистон гуфтааст, ки дар ин нишаст дар бораи роҳҳои муҳими ҳамкорӣ бо Кобул табодули назар сурат гирифт.
Дар ин нишаст намояндагони вижаи Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон барои Афғонистон, ҳузур доштаанд.
Ин гурӯҳи тамос дар соли 2025 бо ибтикори Узбекистон таъсис ёфт ва нахустин нишасти он 26 августи ҳамон сол дар шаҳри Тошканд баргузор шуд.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳукумати Толибонро ба расмият намешиносанд, аммо аксари онҳо бо ин низом робитаҳои наздики сиёсӣ ва иқтисодӣ доранд.