Ба гузориши расонаҳои хабарӣ, мавзӯи ҷанг дар Украина дар ин музокирот баррасӣ намешавад. Кори сафоратхонаҳои Амрико ва Русия дар кишварҳои ҳамдигар аз мавзуъҳои суҳбат будааст.
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии ИМА пештар гуфта буд, бо Русия тавофуқ кардаанд, ки ҳама ҷойҳои кориро дар сафоратхонаҳо барқарор кунанд. Сафорати Амрико дар Маскав бо маҳдудият кор мекунад ва ҳама консулгариҳои ИМА дар минтақаҳои Русия корашонро қатъ кардаанд. Сабаб ин аст, ки Русия ва Амрико дар иқдомҳои мутақобила дипломатҳои ҳамдигарро ихроҷ карданд.
Моҳи октябри соли 2023 ИМА 225 дипломати русро ихроҷ кард. Русия ба Амрико ва кишварҳои ғарбӣ ба кор гирифтани русиягиҳоро дар сафоратхонаҳои худ манъ кард. Пештар 70 дарсади кормандони ниҳодҳои дипломатии ғарбӣ дар Русия шаҳрвандони ин кишвар буданд.
Дар ҳамин ҳол ИМА то ҳол номзадии Александр Дарчиевро ба ҳайси сафири нави Русия дар Вашингтон тасдиқ накардааст. Амрико ҳам баъди сари кор омадани Доналд Трамп дар Русия сафири нав таъин накардааст.