Гузоришгарони Бидуни Марз (RSF), созмони байнулмилалии ҳомии озодии баён, номи 33 нафар, аз ҷумла раҳбарони чандин кишварро ба рӯйхати, ба гуфтааш, "дарандагони озодии баён" ворид кардааст. Ин феҳраст рӯзи 2-юми ноябр нашр шуд.
Дар он аз кишварҳои собиқи шӯравӣ номи раҳбарони Русия (Владимир Путин), Озарбойҷон (Илҳом Алиев), Беларус (Александр Лукашенко) ва Қазоқистон (Қосимҷомарт Тоқаев) ворид шудааст.
Путин, Алиев, Лукашенко, инчунин, Даниэл Ортега аз Никарагуа ва Ҳайбатулло Охундзода аз Афғонистон аз зумраи раҳбароне дониста шудаанд, ки пеши роҳи нашри хабарро дар кишварашон мегиранд. Имсол ба ин гузориш ва ҳамин гурӯҳи раҳбарон номи раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп ва миллардер Илон Маск ҳам ворид шудааст. То ин лаҳзаҳо вокуниши онҳо ба рӯйхат маълум нест.
Номи Қосимҷомарт Тоқаев ҳамроҳи Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз Туркия дар гурӯҳи раҳбароне дохил шудааст, ки бо роҳҳои ҳуқуқӣ хабарнигоронро азияту озор медиҳанд. Дар гурӯҳи раҳбароне, ки хабарнигоронро "мекушанд, зиндонӣ ва ҳамла мекунанд", номи Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил; раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин; валиаҳди Саудӣ Муҳаммад бин Салмон ва президенти Миср Абдуфаттоҳ Ас-Сисӣ оварда шудаанд.
Муаллифон феҳрастро дар Рӯзи байнулмилалии хатми беҷазоӣ барои ҷиноят алайҳи рӯзноманигорон (2-юми ноябр) нашр карданд. "Ҳамаи онҳоро дар рӯйхати "дарандагони озодии баён" як чиз ба ҳам меорад: бадбинӣ ба озодии баён. Силоҳҳо гуногунанд, вале ҳадаф як аст: хомӯш кардани садои мустақил ва поймоли ҳуқуқ ба дарёфти иттилоъ,” -- навиштаанд муаллифон.
Жанна Кавелйе
Жанна Кавелйе, масъули умури Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ дар созмони Гузоришгарони Бидуни Марз, рӯзи 2-юми ноябр дар суҳбати ҷудогона бо Радиои Озодӣ гуфт, “инҳо раҳбарони сиёсӣ, ташкилот ва шахсони бонуфуз мебошанд, ки ба озодии баён ҳамла мекунанд. Онҳо василаҳои гуногун, аз хушунату ҳабс то азоби ҳуқуқиву фишорҳои иқтисодӣ ва озори интернетиро ба кор мебаранд."
Ӯ афзуд, “дар маркази таваҷҷуҳ амалҳои онҳо дар соли 2026 қарор гирифт. Таҳдидҳои нав ва намунаҳое аз саркӯбҳои пешина низ арзёбӣ шуд. Масалан, президенти Русия Владимир Путин саркӯбҳои ҳамаҷонибаи зидди матбуоти мустақилро раҳбарӣ мекард. Хабарнигорон ба зиндон андохта шуданд, расонаҳо маҷбур шуданд, ки баста гарданд, мисли “Новая газета” дар ҳафтаи гузашта. Хабарнигорон дар хориҷа бо таҳдидҳои афзоянда рӯ ба рӯ мешаванд. Дареғ, вақте мавзуъ сари хабарнигорони нопадидшуда аст, зоҳиран, Кремл идеяҳои наве меёбад."
Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз, қароргоҳаш дар Фаронса, дар гузоришҳои пешинаи худ ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро аз ҷумлаи саркӯбгарони озодии матбуот ва масъули зиндонӣ кардани чанд хабарнигору блогер номида буд, аммо дар таҳқиқоти нави худ исми ӯро нагирифтааст.
Жанна Кавелйе мегӯяд, “аввал ин ки ин феҳрист бар асоси интихоби муҳаррирон таҳия шудаву рӯйхати тамоми масъулони нақзи озодии баёнро фаро намегирад. Дар маркази таваҷҷуҳ ҳодисаҳои бисёр муҳим ва равандҳои идомаёбандаи саркӯбҳо дар соли 2026 мебошад. Мутаассифона, номзад барои ворид шудан ба ин рӯйхат кам нест."
Эмомалӣ Раҳмон
“Набудани номи Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, ба маънои он нест, ки вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистон беҳтар шудааст. Баръакс, матбуоти мустақил ҳамоно таҳти маҳдудияти ҷиддӣ қарор дорад. Хабарнигоронро бо ҳукмҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ ба зиндон меандозанд ва сензураву таҳдид доман паҳн кардааст. Набуди исм дар рӯйхат ба маънои рафтори хуб нест. Гузоришгарони Бидуни Марз поймолшавии ҳуқуқро пайгирӣ ва онҳоро маҳкум мекунад ва озод кардани ҳамаи журналистонеро тақозо дорад, ки дар Тоҷикистон худсарона боздошт шудаанд," – шарҳ дод Жанна Кавелйе.
Тоҷикистон дар шохис ё радабандии имсолаи озодии баён, ки онро Гузоришгарони Бидуни Марз (RSF) таҳия кардааст, аз миёни 180 давлат дар мақоми 155 ва дар қатори кишварҳои саркӯбкунандаи бисёр ҷиддии матбуот ҷой гирифт.
Баъзе аз хабарнигорони тоҷик ва намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ моҳи майи имсол дар як нишасти бахшида ба рӯзи ҷаҳонии озодии баён дар Душанбе худсонсурӣ, тарс аз таъқибу ҳабс, то рафт мушкил шудани дастрасӣ ба иттилоотро аз ҷумлаи мушкилоти матбуоти мустақил номбар карданд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Рӯйхати "шикорчиёни озодии баён" дар ҷаҳон