Набарди нахустини тими футзали Тоҷикистон бо ҳамсоякишвар сурат мегирад

Тими миллии футзали Тоҷикистон зери раҳбарии Пайрав Воҳидов нахустин бозиашро дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия баргузор мегардад, 28-уми январ бо дастаи мунтахаби Узбекистон анҷом медиҳад.

Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби Узбекистон, Ҷопон ва Австралия рақобат мекунад.

Дар даври дуюми мусобиқа футзалбозони тоҷик рӯзи ҷумъаи 30-юми январ бо тими миллии Ҷопон рӯбарӯ мешаванд. Бозии охирини гурӯҳи “С” миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Австралия рӯзи якшанбеи 1-уми феврал доир мегардад.

Ба назари коршиносон гурӯҳи “С” чоргонаи сахту пешгӯинашаванда маҳсуб меёбад. Ҳарчор дастаи ин гурӯҳ дар назди худ вазифаи ба плей-офф баромаданро гузоштаанд.

Мунтахаби Ҷопон, ки 17 бор дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок карда, чаҳор бор ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтааст ва пас аз Эрон дуюмин дастаи серунвони қора мебошад, азм дорад мавқеи худро дар қуллаи баланди футзали Осиё устувор намояд. Дар мусобиқаи соли 2024 ҷопониҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашта буданд.

Бояд зикр намуд, мунтахаби Ҷопон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи “С” ғолиб шуда, аз тимҳои миллии Тоҷикистон, Камбоҷа ва Макао пеш гузашта буд.

Мунтахаби Узбекистон, ки дар ҳамаи 17 марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат кардааст, чаҳор бор ба финали мусобиқа роҳ ёфтааст. Аммо футзалбозони узбек ягон бор ба гирифтани унвони қаҳрамонӣ мушарраф нашудаанд.

Дастаи Узбекистон соли 2024 дар Ҷоми Осиё дар Тайланд барои ҷойи сеюм бо тими миллии Тоҷикистон рақобат карда буд. Замони асосии дидор бо ҳисоби мусовии 5:5 анҷом ёфт. Аз рӯи силсилазарбаҳои пеналти Узбекистон бо ҳисоби 3:1 пирӯз гардида, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 моҳи апрели соли гузашта дар шаҳри Тошканд бо тими миллии Узбекистон ду бозии дӯстона анҷом дод. Ҳарду бозӣ бо натиҷаҳои 8:1 ва 1:0 ба нафъи мизбонон ба поён расид.

Мунтахаби Австралия бори чаҳорум дар қисми нмҳоии Ҷоми Осиё ширкат меварзад. Австралиягиҳо дар марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи “А” муқобили Кувайт, Ҳиндустон ва Муғулистон бозӣ карда, мақоми аввалро касб намуданд.

Мунтахаби Тоҷикистон бошад, бори 12-ум дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок хоҳад кард. Футзалбозони тоҷик дар мусобиқаи соли 2024 дар Тайланд ҷойи чаҳорумро соҳиб шуданд, ки ин натиҷаи беҳтарин дар таърихи мунтахаби кишвар мебошад.

Таркиби гурӯҳҳо дар Ҷоми Осиё-2026:

Гурӯҳи “А”: Индонезия, Ироқ, Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ;

Гурӯҳи “В”: Тайланд, Ветнам, Кувайт, Лубнон;

Гурӯҳи “С”: Ҷопон, Узбекистон, Австралия, Тоҷикистон;

Гурӯҳи “D”: Эрон, Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Малайзия.

Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ҷуфтҳои даври чорякниҳоиро ташкил дода, муборизаро барои медалҳо идома хоҳанд дод. Дарвоқеъ, тими миллии Эрон қаҳрамони феълии футзали Осиё маҳсуб мешавад.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои тамринҳои дастаҷамъӣ дар Ҷакарта 16 бозигар даъват шудааст. Ҳайати ниҳоии даста 14 бозигарро дарбар хоҳад гирифт.

Ҳайати васеи тими миллии футзали Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Сипар», Хуҷанд), Нуриддин Ҷабборов («Соро компания», Душанбе), Фирӯз Бозмамадов («Сомон», Душанбе);

Бозигарони майдонӣ: Дилшод Саломов, Бахтиёр Солиев, Самандар Ризомов, Муҳаммад Раҷабов (ҳама аз «Соро компания»), Муҳаммадҷон Шарипов, Иқбол Воситзода (ҳарду аз «Сипар»), Комрон Алиев, Насратшо Исмоилов, Абдуқаюм Умаров, Некрӯз Идиев (ҳарчор аз «Истиқлол», Душанбе), Идрис Ёров, Баҳодур Хоҷаев (ҳарду аз «Ойл Стар», Узбекистон), Умед Қузиев («Амонатбанк», Душанбе).

Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.