Музаффар Орифӣ, раҳбари нахустини бахши тоҷикии Радиои Озодӣ даргузашт

Музаффар Орифӣ

Музаффар Орифӣ (Маркиэл Даниэл), раҳбари нахустини бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, даргузашт.

Хешовандонаш гуфтанд, ки ӯ рӯзи бистуми июл дар 95-солагӣ дар Ню-Йорк ҷон дод.

Орифӣ зодаи шаҳри Самарқанд буда, дар Тоҷикистони замони Шӯравӣ кору зиндагӣ кардааст.

Котиби масъули “Тоҷикистони Советӣ”, ҳозира “Ҷумҳурият”, буд.

Соли 1973 аз Иттиҳоди Шӯравӣ ба Исроил кӯчид ва пас аз ду сол корро дар Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ сар кард.

Музаффар Орифӣ (Маркиэл Даниэл) дар яке аз гуфтугӯҳои пешинааш нақл карда буд, ки дар шароити сахти замони “ҷанги сард” ба роҳандозии барномаҳои тоҷикии Радио Озодӣ пардохт.

“Мардум аз шуъбаи забони тоҷикӣ чандон огаҳ набуданд. Он тобеи шуъбаи узбакӣ буд. Мо кӯшиш кардем, фаҳмонем, ки Тоҷикистон дигар аст. Мо дархост кардем, ки бахши ҷудогона шавад. Хушбахтона, амрикоиҳо ин таклифро қабул карданд," – гуфта буд ӯ.

Он замон пахши барномаҳои Радиои Озодӣ дар қаламрави Шӯравии собиқ мамнуъ буд ва мавҷи радио ба ҳар восита дастнорас карда мешуд. Ин ҳол то шурӯи бозсозӣ шадидан идома кард.

Дар таҳияи барномаҳои тоҷикии Радиои Озодӣ бештар аз номаи шунавандагон ва рӯзномаву маҷаллаҳое истифода мекарданд, ки дар Тоҷикистон нашр мешуд.

Музаффар Орифӣ соли 2023 дар суҳбати дигараш гуфта буд, “бо бисёре аз одамон мулоқот мекардем. Масалан, дар газетаи “Тоҷикистони Советӣ” ё “Комсомоли Тоҷикистон” баъзе мақолаҳо мебаромад. Амрикоро бадном мекарданд. Мо мегуфтем, ки ин ҳақиқат нест. Ин пропагандаест, ки аз Маскав маҷбур мекунанд. Рости гап, вазифаи мо расондани иттилоъ буд.”

Вай дар мақоми раҳбари бахши тоҷикии Радиои Озодӣ бист сол кор кард. Соли 1995, пас аз кӯчидани қароргоҳи Радиои Аврупои Озодӣ/Радиои Озодӣ аз шаҳри Мюнхени Олмон ба шаҳри Прага дар Ҷумҳурии Чех, бознишаста ва дар Ню-Йорк муқимӣ шуд. Ҷое, ки даврони пирияшро гузаронд ва дар ҳамон ҷо даргузашт.

Нашрияи “The Bukharian Times”, чопи Амрико, рӯзи 24-уми июл дар матлабе ӯро “устод, рӯзноманигори варзида ва шахси содиқ ба арзишҳои озодии баён” номид. Касе, ки ба навиштаи ҳамин нашрия бахши зиёди умри худро сарфи рӯзноманигорӣ кард ва аз мусаҳҳеҳии нашрияҳои маҳаллӣ то раҳбарии бахши тоҷикии Радиои Озодӣ расида буд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Даргузашти нахустин раҳбари бахши тоҷикии Радиои Озодӣ