Мунтахаби Тоҷикистон (U-20) бо Урдун, Баҳрайн ва Афғонистон бозӣ мекунад

Акс аз сомонаи ФФТ

Рақибони дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 маълум шуданд.

Бар асоси қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) шомили гурӯҳи «D» шуда, бо тимҳои Урдун, Баҳрайн ва Афғонистон рақобат хоҳад кард.

Бозиҳои интихобӣ дар гурӯҳи «D» аз 25-уми август то 6-уми сентябри имсол дар Баҳрайн баргузор мешаванд.

Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола дар маҷмуъ 44 даста ширкат мекунад. Дастаҳо ба ёздаҳ гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шуданд:

Гурӯҳи “А” – Кореяи Ҷанубӣ, Қирғизистон (мизбон), Филиппин, Лубнон;

Гурӯҳи “В” – Узбекистон (мизбон), Сурия, Ҳиндустон, Бангладеш;

Гурӯҳи “С” – Эрон, Ветнам (мизбон), Кореяи Шимолӣ, Фаластин;

Гурӯҳи “D” – Урдун, Тоҷикистон, Баҳрайн (мизбон), Афғонистон;

Гурӯҳи “Е” – Арабистони Саудӣ, Қатар (мизбон), Умон, Ҳонконги Чин;

Гурӯҳи “F” – Ироқ, Тайланд (мизбон), Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Туркманистон;

Гурӯҳи “G” – Ҷопон, Яман, Камбоҷа (мизбон), Кувайт;

Гурӯҳи “Н” – Австралия, Индонезия, Малайзия, Лаос (мизбон);

Гурӯҳи “I” – Муғулистон (мизбон), Гуам, Непал, Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ;

Гурӯҳи “J” – Тайпейи Чин, Сингапур, Бутан (мизбон), Макао;

Гурӯҳи “К” – Мянмар (мизбон), Молдив, Бруней, Шри-Ланка.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Рустам Хоҷаев моҳи майи соли равон дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2026, ки дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода доир шуд, ҷойи сеюмро ишғол кард.

Мунтахаби Тоҷикистон бар дастаҳои Туркманистон (2:1) ва Афғонистон (2:0) пирӯз шуда, аз тимҳои Узбекистон (0:3) ва Қирғизистон (0:1) шикаст хӯрд ва дар натиҷа шаш имтиёз ба даст овард.

Мунтахаби Узбекистон, ки дар ҳамаи чаҳор бозии худ ғолиб омад, бо 12 имтиёз ғолиби мусобиқа гардида, бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тило мукофотонида шуд. Медалҳои нуқра насиби мунтахаби Қирғизистон (7 имтиёз) гардид. Ба мунтахаби Тоҷикистон медалҳои биринҷӣ супурда шуд.

Бояд гуфт, ки бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2026 барои дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) як марҳилаи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 маҳсуб мешуд.