Мунира Шаҳидӣ, донишманди тоҷик ва роҳбари Бунёди байнулмилалии ба номи падараш, оҳангсози маъруф Зиёдулло Шаҳидӣ, рӯзи 15-уми июл дар 83-солагӣ дар Маскав даргузашт.
Нависанда Гулсифат Шаҳидӣ, ҳамсари Толибхон Шаҳидӣ (бародари Мунира Шаҳидӣ), дар суҳбат бо Радиои Озодӣ хабарро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, Мунира Шаҳидӣ дар Маскав дар хонаи духтараш қарор дошт ва ногаҳон фишори хунаш боло рафт.
“Ногаҳон фишори хунашон то 220 баромад. Ёрии таъҷилиро даъват карданд, вале ба худ наомаданд. Даргузаштанд. Ҳеч беморӣ надоштанд. Бисёр бардам буданд. Дар Тошканду Самарқанд буданд ва аз он ҷо ба Душанбе рафта, сипас ба Маскав омаданд. Ҳамеша дар ҳаракат ва сафар буданд, ногаҳон чунин шуд,” – гуфт Гулсифат Шаҳидӣ.
Ба иттилои ӯ, пайкари Мунира Шаҳидӣ базудӣ аз Маскав ба Душанбе интиқол ёфта, маросими видоъ бо ӯ рӯзи 16-уми июн дар хона-музейи падараш, Зиёдулло Шаҳидӣ, баргузор хоҳад шуд.
"Ҳоло омодагиҳоро ҷараён дорад. Он кас донишманди сарсупурдае буданд, ки барои Тоҷикистон ва муаррифии он бисёр хидмат кардаанд. Шахси ҷаҳондида буданд," -- гуфт Гулсифат Шаҳидӣ.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон низ рӯзи 15-уми июл дар як паёми ҳамдардӣ саҳми Мунира Шаҳидиро дар рушди фарҳанг муҳим ва даргузашти ӯро талафоти бузург номидааст.
Ин ниҳод Шаҳидиро муҳаққиқ ва ходими намоёни фарҳанг донистааст, ки "тамоми умри хешро ба тарғиби мероси мусиқиву адабии тоҷик бахшидааст."
Мунира Шаҳидӣ тайи солҳои охир чанд дафъа бо Радиои Озодӣ низ дар бораи фарҳангу мусиқии тоҷикӣ ва вазъи занон гап задааст.
Чанд иқтибос аз гуфтаҳои Мунира Шаҳидӣ дар барномаҳои Радиои Озодӣ:
"Барои эҷоди фазои гуфтугӯ дар ҷомеа, давлати Тоҷикистонро зарур аст, як барномаи миллиеро дар робита ба эҷоди фазои гуфтугӯ таҳия ва тасвиб кунад, то илм, фарҳанг ва сиёсатро муттаҳид созад."
***
"Медонед, завқ нест. Дарки мусиқии ҷаз мушкилтар аст, меҳнат мехоҳад. Мутаассифона, аксар ҷавонҳои мо ба чунин меҳнат омода нестанд, онҳо бо роҳи осон рафта истодаанд. Фақат тайёрашро мехоҳанд. Ҷаз жанри мурракаб аст, он дониш мехоҳад. Бинобар ин, ҳоло мо бояд талош кунем, таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба ин навъи мусиқӣ ҷалб созем, зеро ин навъи мусиқӣ хусусияти тарбиявӣ ҳам дорад. Мо бояд ҳам оҳангсозон ва ҳам ҷомеа талош кунем, то ин жанрро дар омезиш бо навоҳои анъанавӣ ва миллӣ рушд бидиҳем."
***
"Ман фикр мекунам, ҷавононро ба мақомҳои раҳбарикунанда бояд роҳ дод. Масалан, ман дар ташкилоти хурде, ки роҳбар ҳастам, ҳамеша ба ҷавонон такя мекунам. Агар ягон ҷавони ташаббускору масъулиятшинос ба мо муроҷиат кунад, ман тайёрам, ки вазифаи худро ба ӯ вогузор кунам, бо камоли майл."
***
"Агар рӯшанфикриву маданият ва покизагӣ мавриди эҳтиром ва арҷгузорӣ бошад, мавқеъ ва хости зан ҳам эҳтиром мешавад. Дар ҷомеаи мо заноне ҳастанд, ки ба мартабаҳои баланд расиданд, мисли пизишк ва фаъоли иҷтимоӣ Фирӯза Абдуллоева, Дилбар Шарифова аз созмони ҳуқуқи атфоли маъюб ва ё журналисти шинохта Шаҳло Акобирова. Ин феҳрист метавонад беохир бошад. Чунин занҳо зиёданд, ки ҳамарӯза барои пешрафти ҷомеа саҳм мегузоранд ва онҳо бояд қадрдонӣ шаванд."
***
"Мусиқӣ ҳунари нозуку нафис аст, ки агар онро донӣ, таҳлил кардани бисёр чизҳо осонтар мешавад. Абуалӣ ибни Сино мусиқиро ҳамеша дар радифи илмҳои дақиқ риёзиёт, физика, химия ҷойгир карда буд. Як каҷфаҳмӣ дар олами ислом ҳаст, ки мусиқиро ҷудо мекунанд ва дарк намекунанд, ки ин ба ҳувияти миллӣ таъсири манфӣ дорад. Чӣ қадар барвақттар фарзандонамон аз илми мусиқӣ огоҳ шаванд, ҳамон қадар хуб аст."