Мулоқоти Зеленский бо фиристодаҳои ИМА пас аз дидори онҳо бо Путин

Владимир Зеленский бо Стив Виткофф ва Ҷаред Кушнер

Мулоқоти президенти Украина Владимир Зеленский шоми 12-уми ноябр бо фиристодаҳои раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар шаҳри Дублин ва ҳангоми бозгашти онҳо аз Маскав баргузор шуд.

Фиристодаи вижа Стив Виткофф ва домоди Трамп - Ҷаред Кушнер пештар дар Маскав бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин мулоқот доштанд ва аз он қабл дар гуфтушуниди сеҷонибаи марбут ба ҷанги Украина дар шаҳри Абузабӣ иштирок карданд. Ин нахустин музокира бо иштироки мақомоти Украина, Русия ва Амрико дар ним соли гузашта гардид.

Зеленский ва ҳам намояндагони амрикоӣ гуфтанд, ки дар музокираи баъдӣ бо ин ҳайат мақомот аз Аврупо ҳам иштирок хоҳанд кард. Феълан маълум нест, ки аврупоиҳо дар ин раванд бо чӣ шаклу ҳайат ҳузур хоҳанд дошт.

Ҷаред Кушнер, домоди президенти Амрико Доналд Трамп, гуфт, "мо бидуни ҷониби Аврупо ба созиш расида наметавонем. Мо ба президент Путин аҳамияти инро таъкид кардаем. Фикр мекунам, мо бо президент Путин ба мувофиқа расидем ва ӯ омода аст, инро бисанҷад."

Дидори фиристодаҳои Амрико бо президенти Русия

Алҳол аз ҳарфҳои Путин дар робита бо дидораш бо намояндагони Амрико фаҳмида намешавад, ки ӯ иштироки аврупоиҳоро дар мулоқоти баъдӣ ба таври рӯшан тасдиқ карда бошад ё на.

Путин Иттиҳоди Аврупоро барои ҳимояташ аз Украина интиқод карда, гуфтааст, фиристодаҳои амрикоӣ бояд маълум кунанд, ки он тараф хостори сулҳ бо Русия аст ё ҷанг.

Ҳамзамон ҷониби Русия бори дигар масъалаи, ба гуфтаи он, "бунёди амният"-и баъдиҷангиро дар Аврупо баррасӣ намуд.

Маскав то замони ҳуҷумаш аз Украина талаб мекард, ки аз нақшаи густариши паймони низомии НАТО худдорӣ кунад ва ҳама гуна фаъолияти ҳарбиро дар ҷабҳаҳои шарқиаш боздорад.

Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия баъди мулоқоташ дар Маскав рӯзи 12-уми ноябр гуфт, ки "музокироти гузашта ва табодули назар пурмуҳтаво, созанда ва муфид буд".

Музокираҳо дар пасманзари идомаи амалиёти ҳарбӣ барпо гардиданд. Русия пайваста Украинаро зарба зада, дар бештари ҳолатҳо ниҳодҳои энержиро ҳадаф қарор медиҳад. Украина дар посух ҳамлаҳояшро ба анборҳои маводи сӯхт ва корхонаҳои низомӣ равона кардааст.