Вазири корҳои хориҷии Украина гуфтааст, дар ҳошияи нишасти Маҷмаи Умумии Созмони Милал бо ҳамтои тоҷики худ, Сироҷиддин Муҳриддин, гуфтугӯ кард.
Дар ҳоле ки ҷониби Тоҷикистон дар ин бора хабаре надодааст, Андрий Сибиҳа рӯзи 22-юми сентябр дар паёме дар шабакаи “Х” навишт, “мо азсаргирии кори Кумисюни муштараки байниҳукуматӣ ва таҳкими робитаҳои мустақими тиҷоратиро баррасӣ кардем.”
Ӯ афзуд, “Украина эҳтироми Тоҷикистонро ба соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии мо қадр мекунад. Мо омодаем ба муносибатҳои Украина ва Тоҷикистон такони нав бахшем."
Тоҷикистон яке аз шарикони стратегии Русия аст, ки соли 2022 ба хоки Украина таҷовуз кард.
То кунун хабари иштирок ва куштаву захмӣ шудан ва асир афтодани гурӯҳе аз шаҳрвандону зодагони Тоҷикистон аз тарафи Русия дар ҷанги Украина расонаӣ шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон ҳеч гоҳ дар бораи ширкати шаҳрвандони худ дар ин ҷанг маълумот надодаанд, вале бидуни ишора ба ягон кишвар аз шаҳрвандони худ хостаанд, дар ҷангҳои бегона ширкат накунанд.