Мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон бо ду намояндаи Амрико

Эмомалӣ Раҳмон (байн), раисҷумҳури Тоҷикистон бо Серҷио Гор (рост), фиристодаи вижаи президенти Амрико барои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ва Стив Дейн (чап), сенатори ҷумҳурихоҳ

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Бишкек, ҷое, ки дар сафари корӣ қарор дорад, бо ду намояндаи расмии Амрико мулоқот кардааст.

Дидору гуфтугӯйи Эмомалӣ Раҳмон бо Серҷио Гор, фиристодаи вижаи президенти Амрико барои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ва Стив Дейн, сенатори ҷумҳурихоҳ, рӯзи 31-уми август анҷом шуд. Стив Дейн узви Кумитаи захираҳои энержӣ ва табиии Сенати Амрико аст.

Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон навишт, ки ду тараф "мавзуъҳои мубрами ҳамкориро баррасӣ карданд", аммо тафсилот надод.

Манбаъ ба таври умумӣ гуфт, "масъалаҳои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла эҷоди фазои мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ ба бахшҳои энергетика, саноат ва маъданҳои нодиру муҳим, мавриди баррасии ҷонибҳо қарор доштанд."

Вазорати корҳои хориҷии Амрико 11-уми август дар гузориши солонааш пиромуни шаффофияти молӣ дар идораҳои давлатии 140 кишвар, Тоҷикистонро дар қатори давлатҳое номбар кард, ки ба талаботи ҳадди ақали шаффофияти молӣ ҷавобгӯ набуданд. Набуди шаффофият яке аз мушкилотест, ки намегузорад, сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон биёянд ё онро кишвари олуда ба фасод ва номуносиб барои ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ медонанд.

Амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон ва роҳҳои ҳалли сиёсию дипломатии низоъҳо аз бахши дигари мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон бо мақомҳои амрикоӣ будааст. Тоҷикистон пештар аз "ташаннуҷи бесобиқаи вазъ дар Ховари Миёна" нигаронӣ карда, хоҳони ҳалли мушкил аз роҳҳои дипломатӣ шуда буд.

Ин мулоқоти дувуми раисҷумҳури Тоҷикистон бо Серҷио Гор, фиристодаи Доналд Трамп барои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, дар ним соли охир аст. Ин дипломати 40-солаи зодаи Узбекистонро, ки ҳамзамон сафири Амрико дар Ҳинд аст ва як соҳибкори бособиқа ҳам мебошад, шахсияти таъсиргузор дар масоили Осиёи Марказӣ медонанд.