Шоми 30 май дар шаҳри Остона ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ба раҳбарии президент Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Ҳамоиши якуми “Осиёи Марказӣ ва Итолиё” бо нахуствазири Итолиё Ҷорҷиа Мелони мулоқот намуданд. Сомонаи президенти Тоҷикистон навишт, ки як сол баъди мулоқоти ин ду раҳбар дар Рум, ин навбат ҷараёни иҷрои барномаҳои ҳамкорӣ баррасӣ шудааст.
Апрели соли 2024 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як сафари расмӣ ба Рум бо нахуствазири Итолиё Ҷорҷиа Мелонӣ ҳафт санади ҳамкорӣ дар масоили амниятӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва сайёҳиро имзо карданд.
Рӯзи 30 май дар Остона Раҳмон ва Мелонӣ аз ҷумла “ба масоили ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, энергетика, саноат ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи зиёд” зоҳир карданд. Дар миён дигар мавзӯъҳо - истихроҷ ва коркарди маъданҳои фоиданок, коркарди амиқи пахта ва содироти маҳсулоти тайёр, ҷалби сармоя ва воридоти технология ҳамчун дурнамои ҳамкориҳои байни ду тараф зикр шуд.
“Тавсеаи робитаҳо дар бахшҳои фарҳангиву гуманитарӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ ва варзиш, маориф, ҷудо кардани бурсияҳои донишҷӯӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин, кушодани филиалҳои мактабҳои таҳсилоти олии Италия дар кишвари мо аз мавзуъоти муҳими суҳбат буд”, гуфта шудааст дар иттилоияи матбуотӣ.
Дар паи ин ҳамоиши аввалини сарони кишварҳои “Осиёи Марказӣ ва Итолиё” ба кор оғоз кард. Дар ин ҷаласа инчунин президентони Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон – Қосимҷомарт Тоқаев, Содир Ҷабборов, Шавкат Мирзиёев ва Сардор Бердимуҳаммадов бо нахуствазири Итолиё Ҷорҷиа Мелонӣ дидору гуфтугӯ мекунанд.
Пеш аз шурӯи нишаст муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Роман Василенко ба ТАСС гуфтааст, дар ин ҷаласа таваҷҷӯҳи асосӣ ба масоили рушди тиҷорат, сармоягузорӣ, металлҳои гаронбаҳо ва инчунин мубориза бо тундгароӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ равона мешавад.
Ба як мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Итолиё дар Рум ду ҳафта пеш аз ҳамоиши Остона, Ҷамолиддин Убайдулло, сафири Тоҷикистон ба имкониятиҳои фаннии Тоҷикистон таъкид карда гуфтааст, ки дар сурати сармоягузории Итолиё мешавад барои “рушди соҳаҳои мисли гидроэнергетика, металлургия, маъдан, саноати хурокворй ва туризм дар Тоҷикистон ҳамкориҳои муваффақе ба роҳ монд”. Ӯ гуфтааст, ҳамоиши Остона метавонанад барои эҷоди шарикии қавӣ мусоидат кунад.
Феълан маълум нест, то куҷо ҳамкориҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бо Итолиё расидагӣ ба масоили доғи мисли ҳуқуқи башар ва озодии баёнро дар бар мегирад.
Ҳамаи кишварҳои минтақа бо нишондодҳои бад дар ин бахш маъруфанд ва раҳбарони минтақаро барои саркӯби озодиҳо ва зиндонӣ кардани мухолифону мунаққидони ҳукумат, аз ҷумла дар Тоҷикистон интиқод мекунанд.