Ду созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа кушта шудани хонандаи даҳсолаи тоҷикро дар Русия маҳкум карда, дар ин ҳодиса Душанбеву Маскавро муқассир хондаанд. Қобилҷон Алиев рӯзи 16-уми декабр дар мактаб аз сӯи як ноболиғ кушта шуд.
“Гурӯҳи 24”, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъст, дар эъломияе рӯзи 17-уми декабр ин ҳодисаро “натиҷаи миллатгароӣ, беҷазо мондани ҷиноятҳои нажодпарастона ва чашмпӯшии мақомот” номид.
“Солҳост, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия таҳқир, таҳдид, латукӯб ва кушта мешаванд. Аксари ин ҷиноятҳо ё пинҳон карда мешаванд ё бо номи “муноқишаи маишӣ” сафед мегарданд,” -- гуфта шудааст дар изҳорот.
Ин созмони мухолиф дар айни замон ҳукумати Тоҷикистонро танқид кардааст, ки шаҳрвандони худро ба муҳоҷират водор мекунад, “аммо ҳангоми кушта шудани кӯдаки тоҷик дар кишвари дигар танҳо ба изҳороти хушку бетаъсир қонеъ мешавад.”
Дар ҳамин рӯз Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Амстердам, қатли навраси тоҷикро дар Русия бо лаҳни шадид маҳум кардааст.
Шарофиддин Гадоев, раҳбари созмон, дар баёнияе гуфт, “таблиғоти нафратангези ҳукумату мардуми Русия алайҳи ғайриславянҳо ба сатҳи хушунати воқеӣ расидааст. Ин аст, ки солҳост ҳаёти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия дар натиҷаи ин идеология зери хатар қарор дорад.”
Вай ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро танқид кардааст, ки “агар фоҷеае дар як кишвари дур рӯй диҳад фавран “изҳорӣ ҳамдардӣ” пахш мекунад, аммо боре ҳам барои марги тоҷике дар Русия, изҳори ҳамдардӣ аз ҷониби президент нашр нашудааст.”
Ҷунбиши ислоҳот ва рушд ҳамчунин аз кори созмону ҳаракатҳои миллатгароёнаи русӣ, аз ҷумла гурӯҳҳое ба мисли “Русская обшина” изҳори нигаронӣ кардааст.
Мақомоти Русия дар робита ба ҳамлаи ноболиғе, ки сабаби марги Қобилҷони даҳсола аз Тоҷикистон шуд, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Ба гузориши расонаҳои русӣ, навраси боздоштшуда эътироф кардааст, ки чанд вақти охир барои содир кардани ин ҷиноят омодагӣ медид. Вадим Багатурия, вакили мудофеъ ва муфаттиши собиқи додситонӣ, гуфтааст, мумкин аст, ӯ то 10 сол аз озодӣ маҳрум шавад.
Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 17-уми декабр аз мақомоти Русия талаб карданд, ки қатли навраси тоҷикро мунсифона ва ҳаматарафа таҳқиқ кунанд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз афзоиши бегонаситезӣ дар Русия изҳори нигаронӣ доранд.