Муҷтабо Хоманаӣ раҳбари нави Эрон интихоб шуд

Муҷтабо Хоманаӣ 56-сола аст

Муҷтабо Хоманаӣ, як чеҳраи тундрав, ки қаблан раисҷумҳури Амрико ӯро "шахсияти заиф" ва "ғайри қобили қабул" номида буд, ба ҷойи падараш оятуллоҳ Алии Хоманаӣ раҳбари олии Эрон шудааст. Ин қарор метавонад ӯро ҳадафи мустақими нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва Исроил қарор диҳад. Алии Хоманаӣ 28-уми феврал, дар рӯзи аввали ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Ҷумҳурии Исломӣ, ки акнун доманааш тамоми минтақаро фаро гирифтааст, кушта шуд.

Маҷлиси Хубрагони Эрон рӯзи 8-уми март бо нашри баёнияе гуфт, бо вуҷуди шароити ҷангӣ раванди интихоби раҳбари севуми Ҷумҳурии Исломиро “бевақфа” анҷом дод, “то кишвар дучори халои раҳбарӣ нашавад” ва аз шаҳрвандон низ хост, бо раҳбари нав “байъат” кунанд.

Муҷтабо Хоманаии 56-сола дар ҳоле ба унвони раҳбари нав дар Эрон муаррифӣ шудааст, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 8-уми март таҳдид кард, агар мақомҳои эронӣ ибтидо таъйиди ӯро нагиранд, раҳбари нави Ҷумҳурии Исломӣ “дер нахоҳад поид”.

Трамп дар мусоҳиба бо ABC News дар бораи раҳбари нави Ҷумҳурии Исломӣ гуфт: “Ӯ бояд таъйиди моро дошта бошад. Агар таъйиди моро нагирад, муддати зиёде давом нахоҳад овард. Мо мехоҳем мутмаин шавем, ки маҷбур набошем ҳар даҳ сол як бор ба ин мавзуъ баргардем.”

Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида рӯзи 5-уми март низ дар мусоҳибаи телефонӣ бо Axios гуфта буд, ки ӯ бояд шахсан дар интихоби раҳбари баъдии Эрон нақш ё саҳм дошта бошад ва ҳамчунин ҷонишинии Муҷтабо Хоманаиро рад кард.

Доналд Трамп дар ин гуфтугӯ, Муҷтабо Хоманаиро шахсе “заиф” донист ва афзуд: “Писари Хоманаӣ барои ман қобили қабул нест. Мо касеро мехоҳем, ки барои Эрон оромишу сулҳ биёварад”.

Кохи Сафед ҳанӯз интихоби раҳбари нави Эронро шарҳ надодааст. Чанд соат қабл аз эълони ин тасмим Шӯрои коршиносони Артиши Исроил таҳдид кард, ки ин кишвар ба таъқиби ҳар касе, ки ҷойгузини Хоманаӣ хоҳад шуд, идома медиҳад.

Интихоби Муҷтабо Хоманаӣ ба унвони раҳбари нав барои нахустин бор дар таърихи ин низом навъе интиқоли қудрати хонаводагӣ аз падар ба фарзандро рақам мезанад. Вай солҳо ба унвони чеҳрае камзоҳир, аммо бонуфуз дар пушти саҳна шинохта мешуд, ҳарчанд ҳеч масъулияти расмии ҳукуматӣ ва тақрибан ҳеч суханронии шинохташудае надоштааст.

Интихоби ӯ дар шароите анҷом шудааст, ки Эрон илова бар пайомадҳои ҳамлаҳои низомии охир, бо буҳронҳои густардаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, зистмуҳитӣ ва сиёсӣ рӯбарӯст.

Бисёре аз мунтақидон пештар нисбат ба меросӣ шуданӣ раҳбарӣ ҳушдор дода буданд ва акнун ин пурсишро матраҳ кардаанд, ки раҳбари нави Эрон, ки таҷриба надорад ва бахши бузурги ҷомеа низ машруияти низомро ба чолиш кашидаанд, чӣ гуна метавонад кишварро дар миёни ин буҳронҳо идора кунад.