Додгоҳи Исфара як сокини ин шаҳрро барои таълими ғайриқонунии динӣ ҷазо додааст.
Дар хабарномаи додгоҳ омадааст, ин нафар "бе иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ тариқи барномаи интернетии Instаgram ва WhatsApp аз соли 2023 то инҷониб" ба чанд нафар аз рӯи наворҳои чанд рӯҳонии афғонистонӣ таълими динӣ додааст.
Назари ин марди боздоштшуда, ки сокини ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара мебошад, ба қазия маълум нест. Додгоҳ мегӯяд, ӯ гуноҳашро эътироф кардааст.
Додгоҳи шаҳри Исфара ин мардро барои таълими ғайриқонунии динӣ 7020 сомонӣ ё 730 доллар ҷарима баст.
Дар Тоҷикистон бидуни иҷозаи Вазорати маориф таълими динӣ додан манъ аст. Аммо дар кишвар ба ҷуз Донишкадаи исломӣ, гирифтани таълими динӣ дар дигар ҷой амалан номумкин шудааст.
Охирин мадраса дар Тоҷикистон соли 2011 баста шуд. То он замон 19 мадраса вуҷуд дошт. Дар мактабҳо фанни "Таърихи дин" барои синфҳои 9 дар як ҳафта 1 соат омӯзонда мешавад, ки моҳияти дунявӣ дорад.
Ҳомиёни ҳуқуқ борҳо аз маҳдуд шудани озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон интиқод кардаанд.