Муҷозоти ду марзбони тоҷик барои латукӯби ҳамхидматашон

Додгоҳи ҳарбии вилояти Суғд ду сарбози Нерӯҳои марзбониро бо гуноҳи латукӯб ва паст задани шаъну эътибори як ҳамхидматашон ба 2-солии зиндон маҳкум кардааст. Ҳукм рӯзи 11-уми июн содир шудааст.

Як манбаъ дар Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 30-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ин сарбозон як ҳамхидматашонро паст зада, боис шудаанд, ки ӯ худашро бо корд захмӣ кунад. Ҳодиса моҳи апрели имсол дар яке аз қисмҳои ҳарбии Нерӯҳои сарҳадӣ дар шаҳри Исфара рух додааст.

Ҳамсуҳбати мо дар Додгоҳи вилояти Суғд гуфт, ин ду сарбоз ба вайрон кардани оинномаи хидматӣ гунаҳкор шуданд. Банди 373-и Кодекси ҷиноӣ барои ин ҷиноят аз панҷ то даҳ сол зиндонро пешбинӣ кардааст. Аммо додгоҳ ҳолатҳои сабуккунандаро ба назар гирифта, ин ду сарбозро ҳамагӣ ба дусолии зиндон маҳкум кардааст.

Назари сарбозони маҳкумшуда ва наздикону вакили дифоашон ба ҳукм маълум нест. Намояндагони Додгоҳи вилояти Суғд гуфтанд, аз рӯйи ин ҳукм шикоят нагирифтаанд.

Бадрафторӣ дар артиши Тоҷикистон солҳо боз аз масъалаҳои нигаронкунанда номбар мешавад. Мақомот мегӯянд, барои аз байн бурдани ин мавридҳо назоратро дар қисмҳои ҳарбӣ бештар кардаанд. Вале ҳомиёни ҳуқуқи сарбозон мегӯянд, вазъ ба он ҳадде нест, ки мақомот тасвир мекунанд.