Муҳокимаи як пайрави мазҳаби шиа дар Самарқанд

“Forum 18” навишт, ки ба Суннатулло Акбаров аз 5 то 8 сол зиндон таҳдид мекунад

Як сокини 22-солаи шаҳри Самарқандро, ки аз пайравони мазҳаби шиа номбар мешавад, барои паҳн кардани таронаҳои, ба гуфтаи мақомоти Узбекистон, “ифротгароёна” муҳокима мекунанд.

Бунгоҳи “Forum 18”, ки масоили мазҳабиро бозтоб медиҳад, рӯзи 22-юми сентябр навишт, ба Суннатулло Акбаров аз 5 то 8 сол зиндон таҳдид дорад.

Ба иттилои манбаъ, додрас Азиз Лазизов гуфтааст, “ин ҷавон таронаҳои ифтрогароёна гӯш кардааст ва сазояш маҳрумӣ аз озодист.” Вале ӯ ба суоли он ки чаро гӯш кардани таронаҳои мазҳабӣ ҷинояти вазнин шумурда мешавад, посух надодааст.

“Forum 18” мегӯяд, сухан дар бораи марсия ё таронаҳои азодории шиамазҳабон меравад, ки гуё Суннатулло Акбаров дар саҳифаи ҳамандешонаш дар Телеграм гузоштааст.

Кумитаи дини Узбекистон дар як хулосаи осемасарона гуфтааст, ин саҳифа дар Телеграм “фаъолият ва таълимоти гуногуни носанҷидаро ташвиқ мекунад”. Ва пулиси Самарқанд Суннатулло Акбаровро барои паҳн кардани маводе гумонзад донистааст, ки “дорои таҳдид ба амният ва тартиботи иҷтимоӣ мебошанд”.

Шаҳрзод Исроилов, як пайрави мазҳаби шиа, дар суҳбат бо бунгоҳи “Forum 18” гуфтааст, баъзе аз марсияҳоро ӯ ба Суннатулло Акбаров фиристода буд, вале “дар онҳо ба тундравии динӣ ё фаъолияти зидди мақомоти Узбекистон даъвате нашудааст.” Исроилов аз соли 2021 ба далели фишори афзояндаи мақомоти Узбекистон дар берун аз кишвар қарор дорад.

Суннатулло Акбаров дар охири моҳи июни имсол дастгир шудааст. Муҳокимаи ӯ моҳи август шуруъ шуда, қарор аст, 25-уми сентябр идома кунад.

Аксар сокинони Узбекистон суннӣ ва пайрави мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд. Ҳамзамон дар ин кишвар камшуморони шиа низ кору зиндагӣ мекунанд.

Маъмурони пулиси Узбекистон тобистони соли 2025 шаш пайрави мазҳаби шиаро дар Самарқанд боздошту бозпурсӣ ва сипас раҳо карда, моҳи октябри ҳамон сол Анвар Алиевро чор сол шартан аз озодӣ маҳрум намудаанд.

“Forum 18” мегӯяд, пулис дар охири моҳи августи имсол бори дигар хонаи волидони Сӯҳроб Комил ва Шаҳрзод Исроилов, ду пайрави мазҳаби шиаро, кофтукоб кардааст. Шарҳи мақомоти Узбекистон дастрас нест.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Форум 18 мегӯяд, шиамазҳабон дар Самарқанд таъқиб мешаванд