Муҳокимаи Эван Гершкович, хабарнигори "The Wall Street Journal"

Эван Гершкович. Додгоҳи шаҳри Екатеринбург, рӯзи 26-уми июни 2024

Мурофиаи хабарнигори нашрияи амрикоии "The Wall Street Journal" Эван Гершкович рӯзи 26-уми июн дар шаҳри Екатеринбурги Русия шуруъ шуд.

Мақомоти Русия ӯро соле пеш бо иттиҳоми ҷосусӣ дастгир карданд. Гершкович, кордиҳандааш ва ҳукумати Амрико иттиҳомро напазируфта, онро дорои ангезаҳои сиёсӣ донистанд.

Эван Гершкович рӯзи 26-уми июн дар мурофиаи додгоҳӣ бо мӯйсари тарошида ҳузур ёфт. Ба мурофиа ҳеч намояндаи матбуот, дӯстон, аъзои оила ё кормандони сафорати Амрико иҷозаи даромадан наёфтанд.

Ин рӯзноманигор 29-уми марти соли 2023 дар шаҳри Екатеринбурги минтақаи Урал боздошт шуд. Мақомоти Русия ӯро барои кӯшиши ба даст овардани маълумоти сиррии ҳарбӣ гумонбар дониста, вале далелу исботи иттиҳоми худро пешкаш накарданд.

Гершкович, ки дар оилаи муҳоҷирони Шӯравӣ дар Амрико таваллуд шуда, аввалин журналисти амрикоист, ки баъд аз Ҷанги Сард дар Русия ҳабс ва ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Ба ӯ то 20 сол зиндон таҳдид мекунад.

Алсу Қурмашева, хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва шаҳрванди дугонаи Русия ва Амрико, рӯзноманигори дувуми амрикоист, ки аз моҳи октябри соли 2023 дар Русия дар боздошт аст.

Қурмашеваи 47-соларо барои худдорӣ аз сабтиноми худ бар асоси қонун дар бораи “агенти хориҷӣ” боздошт кардаанд. Ба ӯ то 10 сол зиндон таҳдид мекунад.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва ҳукумати Амрико мегӯянд, Алсу Қурмашеваро барои кораш ба ҳайси журналист дар Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага муҷозот мекунанд.