Муҳоҷирон барои супурдани имтиҳон ба буҷаи Русия 2,5 млрд рубл додаанд

Муҳоҷирони корӣ дар Русия барои супурдани имтиҳони забони русӣ ба буҷаи ин кишвар 2,5 миллиард рубл супурдаанд.

Владимир Василев, вакили Думаи давлатӣ аз ҳизби “Русияи воҳид” рӯзи 16-уми апрел гуфтааст, ин пуле буд, ки дар гузашта ба фасодкорон дода мешуд ва ҳоло ба буҷаи давлат ворид мешавад.

Охири соли гузашта Михаил Мишустин, нахуствазири Русия қарореро имзо кард, ки бар асоси он барои гирифтани шаҳрвандии Русия нархи ягонаи имтиҳонҳои забони русӣ ва таъриху асосҳои давлатдории Федератсияи Русия таъйин шуд.

Бино ба ин, барои супурдани имтиҳони забони русӣ аз ҳар хориҷӣ бо ҳадафи гирифтани шаҳрвандии Русия 2950 рубл талаб мешавад.

Барои онҳое, ки мехоҳанд иҷозаи зисти муваққатӣ бигиранд, нархи имтиҳони забони русӣ ё таъриху қонунгузории Русия 5900 рубл аст. Барои иҷозаи кор ё гирифтани патенти кор 3800 рубл барои як имтиҳон таъйин шудааст.

Мақомоти Русия муҳоҷиронро барои надонистани забони русӣ пайваста танқид мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, Русия то охирин тангаи муҳоҷиронро бо баҳонаҳои гуногун меситонад, вале дар баробараш ба онҳо шароити дурусти корӣ фароҳам намеорад ва ба онҳо бо ҳар роҳ фишор меорад.