Муҳоҷири корӣ чандсола бошад? Қонуни нав дар Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ

Шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо аз 18-солагӣ метавонанд барои кор ба хориҷа раванд.

Ин талабот дар қонуни нав “Дар бораи муҳоҷират”, ки 23-юми октябр дар нашрияи порлумонии "Садои мардум" нашр шуд, таъкид шудааст.

Бар асоси моддаи 16-и қонуни нав, сафар барои кор ба шаҳрвандони Тоҷикистон пас аз 18-солагӣ танҳо ба кишварҳое иҷоза дода мешавад, ки “дар ҳудуди онҳо ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳифз карда мешаванд”.

Дар қонун гуфта шудааст, ки ҳуқуқи муҳоҷирон бар асоси созишномаи миёни кишварҳо ва қонунҳои ду кишвар дар самти муҳоҷират ҳимоя хоҳад шуд.

Ин қонун на танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон, балки ба хориҷиёне, ки барои кор ба ин кишвар меоянд, чунин синни муҳоҷиратро муқаррар кардааст.

Қонуни навро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 21-уми октябр имзо кардааст.

Қонуни пешина, ки аз соли 1999 то ин дам амал мекард, ҳеч маҳдудияти синнусолӣ барои муҳоҷират аз Тоҷикистон ва ё ба ин кишварро муқаррар накарда буд.

Бино ба арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ, дар соли 2024 пули фиристодаи муҳоҷирон тақрибан 45 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии Тоҷикистонро ташкил додааст, ки яке аз баландтарин нишондиҳандаҳо дар ҷаҳон аст. Ин маблағ манбаи муҳими даромад барои бисёр оилаҳо буда, таъсири назаррасе ба иқтисоди кишвар дорад.

Русия яке аз кишварҳои аслиест, ки маъмулан шаҳрвандони Тоҷикистон, бо вуҷуди фишору азият, барои кор ба онҷо мераванд.

Бар асоси омори расмӣ, дар соли 2025 беш аз 702 ҳазор нафар дар ҷустуҷӯйи кор аз Тоҷикистон ба хориҷа рафтаанд.

Владимир Путин, президенти Русия, моҳи октябри соли гузашта ҳангоми сафараш ба Душанбе изҳор дошт, ки дар Русия беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон зиндагӣ ва кор мекунанд. Он замон раисҷумҳури Тоҷикистон омори Русияро зери шубҳа нагузошт.

Инро ҳам бинед:

Як миллион тоҷик ё чанд? Чаро омори муҳоҷиронро пинҳон медоранд?

Қонуни нав инчунин ду роҳи бо кор таъмин шуданро дар хориҷа пешбинӣ мекунад: ҷустуҷӯи мустақилонаи кор ва ҷалби ташкилшуда тавассути Оҷонсиҳои бозори кор. Ба онҳое, ки мустақилона кор меҷӯянд, мақомоти давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират бояд дар бораи ҷойҳои кории холӣ, маош, шароити меҳнат ва талаботи қонунгузории кишвари қабулкунанда ройгон маълумот диҳанд.