Муҳиддин Кабирӣ: "Дар қатли Домулло Абдуманнон мақомот даст доранд"

Муҳиддин Кабирӣ ва Домулло Абдуманнон

Мақомоти Тоҷикистон ҷузъиёти парвандаи қатли Домулло Абдуманнон, соҳибкор ва фаъоли пешини Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломиро ошкор карданд. Ба қавли онҳо, ҷиноят кори дасти ду нафарест, ки бо ҳадафи ғорат кардани 100 ҳазор доллари Манон Содиқов ӯро шабона аз хонааш бурда, бераҳмона куштаанд. Раиси ҲНИТ мегӯяд, парванда фаротар аз он аст, ки мақомот мегӯянд, чун худи мақомот ҳам дар он даст доранд.

Домулло Абдуманнон ва ё Маннон Содиқови 60-сола рӯзи 27-уми апрел бенишон шуд. Ҷасади ӯро 5 рӯз баъд дар таҳхонаи иморати нимасохтае дар деҳаи Чорбоғи Исфара пайдо кардаанд.

Мақомоти интизомӣ Эҳсон Бобоеви 31-сола ва хеши 46-солааш Юсуф Шарифовро бо гумони қатл бо ҳадафи ғоратгарӣ дастгир кардаанд.

Дар гузориши таҳиякардаи Вазорати умури дохилӣ Эҳсон Бобоев эътироф мекунад, ки Маннон Содиқовро корд зада куштааст. Маълум нест, эътирофи ӯ таҳти кадом шароит сабт шудааст. Назари вакили дифоашонро ҳам дар гузориш наовардаанд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷузъиёти қатли Домулло Абдуманонро гуфтанд

Мунаввара Содиқова, ҳамсари Маннон Содиқов ба Радиои Озодӣ гуфт, ин афрод бо ваъдаи онки писарашонро дар ивази 100 ҳазор доллар аз зиндон озод мекунанд, шавҳарашро шабона бо худ бурда буданд.

Абдусалом Содиқов, писари Маннон Содиқов соли 2024 бо гуноҳи фиристодани пул ба Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз мухолифони тундлаҳни ҳукумат ба ҳафт соли зиндон маҳкум шудааст.

Мунаввара Содиқова гуфт, муфаттишон гумонбаронро ба хонааш оварда, ҷузъиёти бурдану муомилаҳои онҳоро пурсидаанд. Ба қавли ӯ, Эҳсон Бобоев, миёнарави асосӣ буда, ваъдаи раҳоии писарашонро додааст.

Манобеи Радиои Озодӣ ва чанде аз сокинони Исфара гуфтанд, Бобоев то моҳи январ корманди Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон будааст.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ мегӯяд, муомилаҳои ғайриқонунӣ барои раҳоии касе аз зиндон бе ширкати мақомот анҷом намегиранд.

“Дар Тоҷикистон ҳамачиз харидаву фурӯхта мешавад, аз ҷумла озодии инсон. Ва ин системаро, ки ба вуҷуд овард? Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон. Ва Абдуманон Содиқ, узви мо ҳам, қурбонии ин система шуд, барои онки то ба имрӯз мо танҳо исми ду қотилро медонем, дар сурате, ки сарчашмаҳои мо дар мақомоти қудратӣ мегӯянд, ки дар ин парванда номи чандин нафарони дигар ҳаст, аз ҷумла касоне, ки дар зиндонӣ кардани фарзанди Абдуманон даст доштанд ва ҳоло аз мақомот берун рафтанд ва дигар кор намекунанд”, - гуфт Муҳиддин Кабирӣ.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

ВКД аз боздошти ду нафар бо гумони қатли фаъоли собиқи ҲНИТ хабар дод

ҲНИТ қаблан дар паёми таслияташ гуфта буд, ки пас аз баста шудани ҳизб дар Тоҷикистон ин фаъоли ҳизб таъқибу боздошт ва як сол зиндонӣ шуда буд.

Даст доштани кормандони пешини мақомоти қудратӣ дар ҷиноятҳои мудҳиш дар Тоҷикистон борҳо дида шудааст. Аз ҷумла соли 2023 Дилшод Саидмуродов, собиқ корманди Вазорати корҳои дохилӣ бо иттиҳоми рабудан ва қатли Шӯҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси Ориёнбонк боздошт ва баъдан ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки парвандаи қатли Маннон Содиқов ҳамаҷониба тафтиш мешавад, аммо Муҳиддин Кабирӣ бовар надорад, ки асли воқеа ошкор мешавад ва ҳамаи гунаҳкорон ҷазои сазовор мегиранд.

ҲНИТ соли 2015 дар Тоҷикистон гурӯҳи ифротӣ ва террористӣ эътироф шуд. Даҳҳо узви фаъоли он боздошту зиндонӣ ва гурӯҳи дигаре аз Тоҷикистон фирор карданд. Намояндагони ҳизб иттиҳоми мақомоти Тоҷикистонро ҳамеша рад кардаанд.