Муфтии Тоҷикистон дар феҳристи “500 мусулмони бонуфуз”

Саидмукаррам Абдулқодирзода аз соли 2010 раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аст

Маркази пажӯҳишҳои исломӣ дар Урдун Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистонро яке аз 500 мусулмони бонуфуз ё таъсиргузор дар ҷаҳон номбар кардааст.

Феҳристи нав рӯзи 11-уми ноябр нашр шуд.

Муаллифони радабандӣ ягона намояндаи Тоҷикистонро дар бахши “идораи умури дин” ҷой додаанд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода аз соли 2010 раёсати Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ягона ниҳоди содиркунандаи фатворо бар уҳда дорад.

Ҳарчанд ниҳоди зери раҳбарии ӯ ҷамъиятист, вале барои пуштибонӣ аз ҳукумат ва ироаи мавъизаҳои ба истилоҳ расмӣ мавриди танқиди гурӯҳе аз сокинон ва намояндагони мухолифин дар хориҷа аст.

Маркази пажӯҳишҳои исломӣ дар Урдун низ дар пешсухани феҳрист гуфтааст, “шомил кардани шахсиятҳо ба ин рӯйхат ба маънои он нест, ки мо назар ва мавқеи онҳоро ҷонибдорӣ мекунем, балки ҳадафи мо арзёбии мизони нуфузи онҳост.”

Ин нуфуз ё таъсир, ба гуфтаи манбаъ, “метавонад аз ҷониби як олими дин бошад, ки бевосита бо мусалмонон суҳбат карда, ба бовару пиндор ва кирдори онҳо асар мегузорад, ё аз ҷониби як роҳбари сиёсӣ, ки шароити иҷтимоиву иқтисодии мардумро муайян мекунад.”

Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон 63-сола аст ва бахши ҳадису тафсирро дар Донишгоҳи байнулмилалии исломии Исломобод ва риштаи адабиётро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хондаву унвони илмӣ гирифтааст.

Феҳристи 500 мусулмони бонуфуз аз соли 2009 ба ин тараф нашр мешавад.

Аз миёни раҳбарони Осиёи Марказӣ имсол Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон ва Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон ба феҳрист роҳ ёфтаанд. Мирзиёев дар ҷойгоҳи 40-ум ва дар радифи панҷоҳ шахсияти “топ” ё бартар қарор дорад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар гузашта чанд бор дар феҳристи панҷсад мусулмони таъсиргузор ҷой гирифта буд, ин дафъа аз рӯйхат берун мондааст.

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон аз шароити озодиҳои мазҳабӣ дар кишвар ситоиш мекунанд ва банди 26-уми Қонуни асосӣ озодии динро замонат додааст, созмону кишварҳои ғарбӣ Душанберо барои нақзи пайвастаи озодиҳои бовармандон танқид мекунанд.

Аз ҷумла, Кумисюни байнулмилалии Амрико дар бораи озодиҳои динӣ (USCIRF) моҳи марти соли 2026 ҳукумати Тоҷикистонро ба “нақзи ҷиддии озодии дин” танқид карда, аз Иёлоти Муттаҳида хост, онро дигарбора дар сафи кишварҳои “мавриди нигаронии хос” ҷой диҳад.

Ҳудуди 90 дарсад аз тақрибан ёздаҳ миллион аҳолии Тоҷикистон мусалмон ҳастанд ва бештари онҳо аз мазҳаби ҳанафӣ (суннӣ) пайравӣ мекунанд. Қариб чаҳор дарсадро помириҳо ташкил медиҳанд, ки пайрави мазҳаби исмоилӣ (шиа) буда, асосан дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳастанд. Боқимондаи мардумро масеҳиён, аз ҷумла православҳои рус, протестантҳо, католикҳои румӣ ва яҳудиёну баҳоиҳо ва зардуштиён ташкил медиҳанд.