Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, зану фарзандонро аз ёд набаранд

Саидмукаррам Абдулқодирзода

Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирони корӣ дар Русия хостааст, ки зану фарзандони худро дар кишвар аз ёд набаранд.

Ҳар сол садҳо ҳазор кас, асосан мардҳо, бо сабаби бекории афзун ва маоши кам дар Тоҷикистон, ҳамсару кӯдакони худро дар кишвар гузошта, барои корҳои мавсимӣ ё дарозмуддат ба Русия мераванд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, дар мулоқот бо гурӯҳе аз муҳоҷирон дар шаҳри Уфаи Русия аз онҳо хостааст, "бо ҳамсару фарзандони худ ҳамеша дар робита бошанд, дар тарбия ва роҳнамоии онҳо саҳм гузоранд ва нисбат ба оилаҳои худ масъулияти ҷиддӣ эҳсос намоянд."

Шӯрои уламо дар як иттилоия дар саҳифааш дар Инстаграм гуфт, ки мулоқот рӯзи 15-уми октябр гузашт.

Лаҳзае аз мулоқоти муфтии Тоҷикистон бо муҳоҷирон дар Уфа

"Муҳоҷирони тоҷик бояд ҳамеша сарҷамъ бошанд, якдигарро дастгирӣ ва эҳтиром кунанд, дорои ахлоқи ҳамида бошанд ва аз дуои неки падару модар баҳраманд гарданд," – аз хостҳои дигари муфтии Тоҷикистон будааст.

Мақомоти Тоҷикистон омори занону фарзандонеро, ки ба далели муҳоҷирати кории мардон аз пуштибонии саробонҳои хонавода маҳрум мондаанд, ошкор накардаанд. Баъзе аз хонаводаҳо шикоят мекунанд, ки мардон ё саробонҳои оила дар муҳоҷирати корӣ ба онҳо кумаки зарурӣ намекунанд ё аслан тамос надоранд.

Бино ба омор аз сарчашмаҳои гуногун ҳудуди як миллион аҳолии қобили кори Тоҷикистон, ки бахши умдаашон мардон ҳастанд, дар хориҷа, хусусан Русия, кор мекунанд.

Бо он ки қисме аз муҳоҷирон солҳои охир зану фарзандонашонро бо худ ба Русия мебаранд, қисми дигар асосан барои кору тиҷорат рафта, дар ним сол ё як сол як бор ба хонаҳои худ меоянд. Дар ин давра кӯдаконашон роҳгардак ё хонандаи мактаб мешаванду тифлонашон бе ҳузури онҳо ба дунё меоянд.

Як таҳқиқоти “Мемориал", созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, соли 2017 муайян карда буд, ки муҳоҷирати корӣ беш аз ҳар каси дигар ба вазъи кӯдакон дар Тоҷикистон таъсир гузоштааст. Пажӯҳиши дигар бо сарпарастии Бунёди кӯдакони Созмони Милал дар Тоҷикистон дар соли 2019 низ собит кардааст, ки зеҳни аксар фарзандони муҳоҷирон бинобар дурии волидон осеб мебинад.

Аттия Ворис, коршиноси Созмони Милал, моҳи августи имсол ва баъд аз поёни боздидаш аз Тоҷикистон гуфт, ҳарчанд иқтисоди Тоҷикистон рӯ ба рушд аст, ҳамоно аз муҳоҷирати корӣ ва пули фиристодаи шаҳрвандон аз хориҷа вобаста аст. Мақомот на шумораи муҳоҷирони кориро мегӯянд ва на пули фиристодаи онҳоро.