Мусобиқаи қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2026 дар шакли нав сурат мегирад. Дар чаҳорчӯби барномаи FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) барои густариши доираи ҷаҳонии футбол дар мусобиқаи ниҳоӣ 48 даста ширкат хоҳад кард. Ин дар муқоиса бо Ҷоми ҷаҳонии солҳои 1998-2022 шонздаҳ даста зиёд аст.
Дар марҳилаи гурӯҳӣ 48 дастаи мунтахаб, ки ба 12 гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шудааст, барои роҳ ёфтан ба плей-офф мубориза мебарад.
Таркиби гурӯҳҳои Ҷоми ҷаҳон-2026 чунин аст:
Гурӯҳи A: Мексика, Африқои Ҷанубӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Чехия
Гурӯҳи B: Канада, Қатар, Швейтсария, Босния ва Ҳерсеговина
Гурӯҳи C: Бразилия, Марокаш, Гаити, Шотландия
Гурӯҳи D: ИМА, Парагвай, Австралия, Туркия
Гурӯҳи E: Олмон, Кюрасао, Кот-д’Ивуар, Эквадор
Гурӯҳи F: Нидерланд, Ҷопон, Тунис, Шведсия
Гурӯҳи G: Белгия, Миср, Эрон, Зеландияи Нав
Гурӯҳи H: Испания, Кабо-Верде, Арабистони Саудӣ, Уругвай
Гурӯҳи I: Фаронса, Ироқ, Сенегал, Норвегия
Гурӯҳи J: Аргентина, Алҷазоир, Австрия, Урдун
Гурӯҳи K: ҶД Конго , Португалия, Узбекистон, Колумбия
Гурӯҳи L: Англия, Хорватия, Гана, Панама
Бозиҳо дар 16 шаҳр баргузор мешаванд. Дар ИМА бозиҳо дар Атланта, Бостон, Даллас, Хюстон, Канзас-Сити, Лос-Анҷелес, Майами, Ню-Йорк, Филаделфия, Сан-Франсиско ва Сиэтл доир мегарданд. Мексикаро Гвадалахара, Мехико ва Монтеррей, Канадаро Торонто ва Ванкувер намояндагӣ мекунанд.
Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, инчунин ҳашт тими натиҷаҳояшон хубтари ҷойҳои севум, дар маҷмуъ 32 даста, ба даври 1/16-ниҳоӣ роҳ меёбанд. Бозии ниҳоӣ рӯзи 19-уми июл доир мегардад.
Даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 аз 11-ум то 17-уми июн баргузор мешавад. Мусобиқа 11-уми июн дар Мехико бо бозии ифтитоҳӣ байни тимҳои миллии Мексика ва Африқои Ҷанубӣ оғоз меёбад.
Марҳилаи гурӯҳӣ
Даври 1-ум
12 июн
00:00 Мексика — Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ
07:00 Кореяи Ҷанубӣ — Чехия
13 июн
00:00 Канада — Босния ва Ҳерсеговина
06:00 ИМА — Парагвай
09:00 Австралия — Туркия
14 июн
00:00 Қатар — Швейтсария
03:00 Бразилия — Марокаш
06:00 Гаити — Шотландия
22:00 Олмон — Кюрасао
15 июн
01:00 Нидерланд — Ҷопон
04:00 Кот-д’Ивуар — Эквадор
07:00 Шведия — Тунис
21:00 Испания — Кабо-Верде
16 июн
00:00 Белгия — Миср
03:00 Арабистони Саудӣ — Уругвай
06:00 Эрон— Зеландияи Нав
09:00 Австрия — Урдун
17 июн
00:00 Фаронса — Сенегал
03:00 Ироқ — Норвегия
06:00 Аргентина — Алҷазоир
22:00 Португалия — ҶД Конго
18 июн
01:00 Англия — Хорватия
04:00 Гана — Панама
07:00 Узбекистон — Колумбия
Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе нишон дода шудааст.
МУДДАИЁНИ АСОСИИ УНВОНИ ҚАҲРАМОНИ ҶАҲОН
Тимҳои миллии Испания, Фаронса ва Англия муддаиёни асосии медалҳои тилои Ҷоми ҷаҳонии 2026 мебошанд. Суперкомпютерҳо (ба мисли Opta) ва моделҳои пешбари таҳлилӣ (аз ҷумла Goldman Sachs) Испанияро ҷонибдорӣ менамоянд ва шонси пирӯзии ин тимро зиёда аз 16 фоиз арзёбӣ кардаанд.
Испания, қаҳрамони феълии Лигаи миллатҳо ва Аврупо-2024, дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ бо ҳайати ҷавону пурқудрат иштирок мекунад.
Фаронса, финалисти Ҷоми ҷаҳонии 2022, дастаест бо ҳайати пурқувват, ки онро ситораи футболи ҷаҳонӣ Килиан Мбаппе сарварӣ менамояд.
Англия ба шарофати насли бозигарони моҳир ба сегонаи асосии довталабон дохил карда шудааст.
Аргентина, қаҳрамони феълии ҷаҳон ва барандаи Ҷоми Амрико, сарфи назар аз синну соли пешвоёни худ, ки Лионел Месси сарвари онҳост, яке аз хатарноктарин дастаҳои мусобиқа боқӣ мемонад.
Коршиносон ва таҳлилгарон як қатор дастаҳои дигареро низ номбар кардаанд, ки метавонанд барои медалҳои тило мубориза баранд.
Португалия, ки дар ҳамин ҳол дар таркибаш бозигарони боистеъдодтарин, ба мисли Криштиану Роналду, ҳастанд, тасмим гирифтааст барои дарёфти ҷоизаи асосӣ мубориза барад.
Шонси Бразилия дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2026, сарфи назар аз натиҷаҳои номувофиқ дар марҳилаи интихобӣ, баланд арзёбӣ мешавад.
Олмон, мизбони мусобиқоти қаблии қаҳрамонии Аврупо, дар Ҷоми ҷаҳонӣ таърихан бомуваффақият ҳунарнамоӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Аргентина, ки дар бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар тими миллии Фаронсаро аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:2 (замони асосӣ 2:2, замони изофа – 3:3) шикаст дод, бори сеюм ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт.
Ба дастаи ғолиб Ҷоми қаҳрамонӣ, медалҳои тило ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 42 миллион доллари ИМА тақдим гардид. Ба дастаи Фаронса, ки ҷойи дувумро гирифт, медалҳои нуқра ва 30 миллион доллар сурпурда шуд.
Дастаи мунтахаби Хорватия, ки дар бозӣ барои ҷойи севум тими миллии Марокашро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, соҳиби медалҳои биринҷӣ ва 27 миллион доллар гардид.
Ҳамаи ҳашт дастае, ки ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шудаанд:
Бразилия (5 бор): 1958, 1962, 1970, 1994, 2002;
Италия (4 бор): 1934, 1938, 1982, 2006;
Олмон (4 бор): 1954, 1974, 1990, 2014;
Аргентина (3 бор): 1978, 1986, 2022;
Уругвай (2 бор): 1930, 1950;
Фаронса (2 бор): 1998, 2018;
Англия (1 бор): 1966;
Испания (1 бор): 2010.