Муборизаи 8 даста барои Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026

Дар бозиҳои ҷавобии марҳалаи чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2026, ки рӯзҳои 8-10-уми август баргузор мешаванд, ҳафт дастаи лигаи олӣ ва як тими лигаи якуми футболи кишвар рақобат мекунанд.

Нахуст рӯзи шанбеи 8-уми август дар варзишгоҳи “Вахш”-и шаҳри Бохтар бозии ҷавобии даври чорякниҳоӣ миёни дастаи “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ, ки намояндаи лигаи якум аст ва тими лигаи олӣ - “Эсхата”-и Хуҷанд – доир мегардад. Ин бозӣ соати 16:45 шуруъ мешавад. Дар бозии аввали чорякниҳоӣ “Эсхата” дар майдони худ бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда буд.

8-уми август боз як бозии ҷавобии чорякниҳоӣ байни тимҳои лигаи олӣ – “Истаравшан”-и Истаравшан” ва “Сардор”-и Турсунзода барпо мегардад. Ин бозӣ соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан оғоз меёбад. Бозии аввал дар шаҳри Турсунзода бо пирӯзии “Сардор” бо ҳисоби 2:1 хотима ёфта буд.

Бозии сеюми ҷавобии чорякниҳоӣ рӯзи якшанбеи 9-уми август байни ду дастаи лигаи олӣ – “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва “Вахш”-и Бохтар – сурат мегирад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд соати 16:45 шуруъ хоҳад шуд. Дар бозии аввал “Хуҷанд” дар меҳмонӣ бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда буд.

Дар бозии чоруми ҷавобии чорякниҳоӣ рӯзи душанбеи 10-уми август дастаҳои лигаи олӣ – “Парвоз”-и Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва “Равшан”-и Кӯлоб – рӯбарӯ мешаванд. Бозӣ дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд соати 16:45 оғоз меёбад. Бозии аввал дар Кӯлоб бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 3:0 хотима ёфта буд.

Ғолибони марҳалаи чорякниҳоӣ аз рӯйи натоиҷи ду бозӣ муайян шуда, ба даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2026 роҳ пайдо мекунанд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, маблағи умумии ҷоизавии Ҷоми Тоҷикистон 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби Ҷоми миллӣ бо 200 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешавад. Ба иштироккунандаи бозии ниҳоӣ 100 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад. Финали мусобиқа дар варзишгоҳи "Вахш"-и шаҳри Бохтар барпо хоҳад шуд.

Барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2026 соҳиби роҳхат ба Лигаи даъвати AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2027/28 мегардад.

Мусобиқот барои Ҷоми Тоҷикистон бори 35-ум сурат гирифтааст. Ҷоми миллиро аз ҳама бештар дастаи “Истиқлол”-и Душанбе (10 бор) ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода (8 бор) ба даст овардаанд.

Соли гузашта “Регар-ТадАЗ” дар бозии ниҳоӣ дастаи «Эсхата»-и Хуҷандро бо ҳисоби 5:0 шикаст дода буд.

НАТИҶАҲОИ ҲАМАИ БОЗИҲОИ НИҲОИИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН (1992-2025):

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0

1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналти – 5:3

1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1

1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналти – 3:2

1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0

1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1

1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1

1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналти – 4:2

2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2

2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1

2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0

2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1

2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0

2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналти – 3:1

2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «ҲИМА» (Душанбе) – 2:1

2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «ҲИМА (Душанбе) – 1:0

2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1

2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналти – 5:6

2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 6:5

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 3:2

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 4:2

2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Хатлон» (Бохтар) – 1:0

2021 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2

2022 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 5:4

2023 – «Равшан» (Кӯлоб) - «Истиқлол» (Душанбе) –– 1:1. Аз рӯи пеналти – 2:4

2024 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) –– 2:1

2025 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Эсхата» (Хуҷанд) –– 5:0