"Ин пирӯзиро ба арвоҳи падарам ва мардуми Тоҷикистон бахшидам" (ВИДЕО)

Зайтуна Самадова, модари Дилшод Назаров.

Модари Дилшод Назаров мегӯяд, ки тамоми шаб нахобиданд ва мунтазири ҳунарнамоии писараш буданд. Дилшод Назаров аввалин медали тиллои Бозиҳои олимпиро ба Тоҷикистон овард.

Зайтуна Самадова, модари Дилшод Назаров рӯзи 20-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ғолибияти писарашро пирӯзии тамоми миллати тоҷик донист. Вай гуфт, ки тамоми шаб аҳли хонаводаи онҳо хоб накарданд ва пушти экрани телевизион, мунтазири ҳунарнамоии Дилшод буданд.

Вай афзуд, гурзандозӣ ва пирӯз шудани Дилшодро аз телевизион бо чашмони худаш дид ва то ҳол бовараш намеояд, ки Дилшод қаҳрамони олимпӣ шудаст. “Ба пирӯзии Дилшод вақте бовар мекунам, ки медали ба даст овардаашро ба дастам бидиҳад”- иброз дошт Самадова.

Хонум Самадова гуфт, Дилшод ҳамеша қабл аз ҳамаи сабқатҳо телефон карда ва аз ӯ дуо мегирифт: “Ин шаб ҳам пеш аз мусобиқа ӯ телефон кард ва ман ба ӯ дуои нек додам”. Ба қавли модари Дилшод Назаров, ӯ дар ин тамоси телефонӣ гуфтааст, ки агар пирӯзӣ ба даст биёрад, ин ғалабаро ба арвоҳи падараш ва мардуми Тоҷикистон мебахшад.

Самадова гуфт, аксе, ки дар пироҳани Дилшод аст, сурати падараш Ҷамолиддин Назаров мебошад. Дилшод Назаров ҳангоми пазироӣ аз мухлисонаш пироҳанеро ба бар кард, ки дар он зери акси падараш «Today throw for you, Dima» “Имрӯз ман барои ту партоб мекунам, Дима”, навишта шуда буд.

Модари Дилшод: Ин шаб ҳам пеш аз мусобиқа ӯ телефон кард ва ман ба ӯ дуои нек додам

Модари Дилшод мегӯяд, ҳамсафони падараш Ҷамолиддин ӯро Дима садо мекарданд. Аз ин рӯ, Дилшод ҳам дар пироҳанаш Дима навиштааст. Вай афзуд: “Падари Дилшод низомӣ буд. Ӯ дар коллеҷи ҳарбӣ кор мекард. Яке аз 10 тан низомиёне буд, ки соли 1996 дар ҷанги Тавилдара кушта шуд.”

Самадова мегӯяд, чун Дилшод фарзанди як шахси низомӣ буд, ба ӯ пешниҳод карданд, ки ба коллеҷи ҳарбӣ дохил шуда ва касби падарашро идома бидиҳад. Аммо ба гуфтаи модари Дилшод, аз 17 солагӣ варзишро интихоб кард ва ба ин пирӯзӣ ноил гашт. Самадова мегӯяд, аз субҳи барвақт телефони аҳли хонавода беист занг мезанад ва ӯро аз чорсӯи кишвар ва берун аз он, табрик мегӯянд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сӯҳбат бо модари Дилшод Назаров

Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар Бозиҳои тобистонаи олимӣ дар Бразилия медали тилло ба даст овард. Ин барои нахустин бор аст, ки дар даврони истиқлолият як варзишгари тоҷик дар ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон сазовори медали тиллои Бозиҳои олимпӣ мешавад.

Мусобиқоти ниҳоӣ шаби 19 август соати 21:05 ба вақти маҳаллӣ (соати 5:05-и 20 август ба вақти Душанбе) дар Варзишгоҳи олимпии шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия шурӯъ шуд ва Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва аз ҳама рақибонаш пеш гузашт.

Варзишгари Беларус Иван Тихон бо нишондоди 77,79 метр ҷои дувумро гирифт ва намояндаи Лаҳистон Войтсех Новитски гурзро ба масофаи 77,73 метр ҳаво дод ва медали биринҷӣ ба даст овард.