Як зани тоҷик, ки писараш чор соли пеш дар Сурия кушта шуд, ҳоло дар ҳамкорӣ бо мақомот барои бонувони миёнасоли тоҷик анвои либосҳои тавсиявии миллиро тарғиб мекунад. Рӯзи 26-уми феврал Вазорати фарҳанг чанд намунаи либоси миллиро нашр кард, ки пӯшиданашон ба занҳои тоҷик машварат дода мешавад.
Хосият Шерова, сокини 51-солаи шаҳри Кӯлоб яке аз нӯҳ зане буд, ки либоси миллии атласро дар ин тарҳ муаррифӣ кард ва акси ӯ ҳам дар
Вақте гуфтанд, ки мо бояд зидди либоси бегона мубориза кунем, хостам дар сафи пеш биистам
дастурамали либосҳои тавсиявӣ нашр шуд.
Писари ӯ Бахтиёр Шеров, аз аввалин ҷангиҳои тоҷик дар сафи созмони тундрави “Давлати исломӣ” буд, ки соли 2014 дар Сурия кушта шуд. То кушта шудани Бахтиёр Шеров, иттило дар бораи ширкат ва шумори тоҷикон дар ҷанги Сурия ва Ироқ дақиқ набуд.
Хосият Шерова, модари Бахтиёр бо гузашти чор сол аз кушта шудани писараш ба як тарғибгари фаъоли либоси миллӣ табдил ёфтааст.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Бегонапарстӣ" Бахтиёрро ба Сурия бурд
Ӯ рӯзи 26-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ аз шаҳри Кӯлоб гуфт, ки писари ӯро “бегонапарастӣ” ба ҷангҳои Сурия бурд ва ҳоло тасмим гирифтааст, бо тарғиби либоси миллӣ зидди ин падида мубориза кунад.
Хосият мегӯяд, қабл аз пайвастан ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” писараш либоспушии ӯро эрод мегирифт.
"Нав фаҳмидам, ки ақидаи бачаҳоро аз ҳамин эрод гирифтан ба либоси миллӣ вайрон мекардаанд. Пештар чунин либос дӯхта мепӯшидам. Баъди фавти писарам напӯшидам, вале як сол дар ҳама чорабиниҳо бо либосҳои миллӣ баромад мекунам. Вақте гуфтанд, ки мо бояд зидди либоси бегона мубориза кунем, хостам дар сафи пеш биистам", - гуфт ӯ.
Ин зан ҳоло фаъолона дар чорабиниҳои тарғиботии либоси миллӣ ширкат мекунад.
Интихоби "модел" Хосият Шерова тасодуфӣ набуд?
Моҳе пеш як гурӯҳи корӣ зери раҳбари Зевар Давлатзода, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон аз миёни чанд зан ӯро интихоб кард, то намунаи либоси миллӣ барои миёнасолонро ба бар кунад.
Хайрулло Тоҳиров, раҳбари Раёсати фарҳанг дар минтақаи Кӯлоб рӯзи 26-уми феврал гуфт, либоспӯшии ин зан мавриди писанди ҳайати вазорат қарор гирифт.
“Намунаи либосҳои худашро овард. Либосҳои зиёди миллӣ дорад. Дар чорабиниҳои фарҳангӣ хеле фаъол аст. Симои тоҷикона дорад. Бисёр содиқона кор мекунад. Барои ҳамин либос барои миёнасолро ӯ ба бар кард”, - гуфт ӯ.
Мақомоти тоҷик дар чанд соли ахир фаъолона либосҳои миллиро таблиғ мекунанд ва пушидани либосҳои “бегона” ба занҳоро тавсия намедиҳанд.
Коршиносон мегӯянд, тарғиби либоси миллӣ як роҳи ҷилавгирӣ аз мазҳабӣ ва ифротӣ шудани ҷомеа мебошад - чизе, ки дар панҷ соли пеш Бахтиёр Шеров, писари Хосиятро ба Сурия бурд.