Молдова як дипломати Русияро ба ҷосусӣ муттаҳам кард

Акс аз бойгонӣ

Вазорати корҳои хориҷии Молдова як корманди сафорати Русияро дар Кишинёв "персона нон грата" эълон кард ва ба ӯ 48 соат вақт дод, ки ин кишвари аврупоиро тарк кунад.

Номи дипломати рус фош нашудааст.

Вазорат рӯзи 1-уми август дар эъломияе гуфт, ин намояндаи Русия дар Молдова коре кардааст, ки "ба мақомаш муносиб нест".

Дар ҳамин рӯз сафири Русия Олег Васнетсовро ба Вазорати корҳои хориҷии Молдова даъват карда, ба ӯ "нота" ё ёддошти эътирозӣ супурданд.

Тасмими аз Молдова рондани як дипломати рус пас аз он сурат гирифт, ки маъмурони Хадамоти кашфу амният ва Додситонии мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта дар Молдова як корманди порлумон ва як маъмури полиси сарҳадии ин кишварро дастгир карданд.

Маъмури полис ба хиёнат ва тавтеа гумонзад аст.

Ба иттилои расмӣ, гуё ин ду нафар ба як корманди сафорати Русия дар Кишинёв маълумот дода, ба манфиатҳои Молдова осеб расондаанд.