Барросо ҳамчунин изҳори умед кард, ки ин кишварҳо ҳар чӣ зудтар ин мувофиқатномаҳои ҳамкориро бо Иттиҳодияи Аврупо имзо кунанд. Ин мувофиқатномаҳо имкон медиҳанд, ки ин ду кишвар бо Аврупо ҳамкориҳои наздики иқтисодӣ дошта бошанд ва низомҳои қонуниву иқтисодии худро бо муқаррароти байналмиллалӣ мутобиқ кунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Молдова ба Иттиҳоди Аврупо наздиктар мешавад
Ба таври алоҳида Озарбойҷон ва Иттиҳодияи Аврупо дар бораи соддатар кардани муқаррароти раводид санаде ба имзо расонданд.
Аммо музокироти миёни Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии Украина ва раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо натиҷа надодааст. Бо вуҷуди ин Виктор Янукович гуфтааст, ки Киев мехоҳад дар ояндаи наздик бо иттиҳодияи Аврупо мувофиқатномаи ҳамкориро имзо кунад. Вай гуфт, " ман таъйид мекунам, ки бо вуҷуди натиҷа надодани мулоқоти Вилнюс Украина мквофиқатнолмаи ҳамкориро имзо мекунад". Интизор мерафт, ки дар лаҳзаҳои охир Украина бо Иттиҳодияи Аврупо мувофиқатномаи ҳамгироӣ имзо кунад. Қарор аст ин музокирот дар давоми рӯзи ҷумъа дар чаҳорчӯбаи мулоқоти раҳбарони Аврупо дар Вилнюси Литва идома ёбад.
Шоми рӯзи панҷшанбе дар оғози ин мулоқот Виктор Янукович бо раҳбарони Аврупо мулоқот анҷом дод. Аммо Далиа Грибаускайте, раиси ҷумҳури Литва гуфт, ки дар ин мулоқот тағйире дар мавзеъгириҳои Украина мушоҳида нашудааст.
Интизор мерафт, ки Украина бо Иттиҳодияи Аврупо дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорати озод қарордод имзо кунад. Вале чанд рӯз пеш аз мулоқоти Вилнюс Янукович гуфт, ки кӯмакҳои пешниҳодшуда аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо кофӣ нест ва ба ҷои он Украина бояд бо ҳамсояи худ Русия ҳамкориашро наздиктар кунад.