Модари танҳо: "Агар ман гузарам, писарам аз гуруснагӣ мемурад"

Нозанин Юнусализода ягона парастори писараш аст

Садамае ду сол боз як модару писарро дар ҳолати танги зиндагӣ қарор додааст. Насим Оқилов дар пайи як сонеҳа аз навоҳии сар ва пояш сахт захм бардошт ва аз ҳаракат бозмонд. Модараш мегӯяд, ҳарчанд ӯ ҷароҳат гирифт, вале мақомот ронандаро бегуноҳ эълон карданд. Додситонӣ дар посухи расмӣ айни чунин ҷавобро додааст.

Модар барои табобати писар то ба Президенти Тоҷикистон муроҷиат кард, аммо ин даъвоҳо натиҷа надодааст.

Нозанин Юнусализодаи ҳафтодсола тақрибан ду сол боз писарашро парасторӣ мекунад. Писараш Насими 43-сола ҳаракат карда наметавонад. Модараш маҷбур аст, ӯро худ нигоҳубин кунад. Насим мегӯяд, моҳи ноябри соли 2023 дар як тасодуфи роҳ ҷароҳати вазнин бардошт ва ба ин ҳол уфтод.

Ин сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Радиои Озодӣ гуфт, "ман аз поён будам, вай аз боло омад, ба ман роҳ надоду зад. Ман ҳатто нафаҳмидам чӣ шуд? Айби ронанда шуд. Ман ба роҳи худам рафта истода будам. Бачаи хурд нестам".

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Модари танҳо: “Агар ман гузарам, ин аз гуруснагӣ мемурад”

Насим Оқилов кафшергар буд ва дар сохтмони биноҳои баландошёнаи шаҳри Хуҷанд кор мекард. Ӯ мегӯяд ҳодиса замоне рух дод, ки бо дучарха аз кор бармегашт ва нақлиёти хурди "Скутер" ба ӯ омада зад. Худашу модараш ронандаро айбдор медонанд. Вале мақомоти милисаи маҳаллӣ ва додситонӣ тибқи санҷишҳо худи Насим Оқиловро гунаҳгор донистааст.

Нозанин Юнусализода, модари Насим Оқилов аз муфаттише бо номи Ҳамраалиев даъво дорад. "Баъди ду-се рӯз мемурӣ, як хел навис-навис накун, ба ман чӣ бахилӣ карда истодаӣ мегӯяд. Ман ба вай чӣ бахилӣ дорам? Ман гуфтам, ки ту ба ман ҳақиқатро гӯй. Ин мушкил дар дасти худаш ҳаст. Ин масъаларо ба кадом сӯй хоҳад ҳамон хел карда истодааст".

Муфаттиш Ҳамраалиев нахост дар ин бора бо Радиои Озодӣ суҳбат кунад. Вале ронандаи “Скутер” дар як суҳбати телефонӣ гуфт, ки ҳарчӣ аз дасташ омад, онро дареғ надошт.

Ронанда Ориф Тӯрдиев дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, чанд дафъа ба Насим Оқилов кумак кардааст. "Ман ҳам коргар, дар сохтмон кор мекардем. Ин фалокат шуд. Аслаш айби вай аст. Шароит шавад камтар кӯмак мекунам. Вай ҳам мисли ман мардикор будааст. Ҳозӣ ҳардумон аз кор баромадагӣ".

Модару писар мегӯянд, дар беш аз ду сол атрофи 80 ҳазор сомонӣ барои табобат сарф кардаанд ва дигар тавони идомаи табобатро надоранд. Дар як моҳ ҳардуяшон ҳамагӣ 600 сомонӣ нафақа мегиранд. Онҳо талаби муҷозоти нафареро надоранд, танҳо мехоҳанд, ки ба онҳо кӯмак шавад, то аз ин вазъият берун бароянд.

“Ман поямро ҷарроҳӣ кунам шуд. Баъд аз пайи кору зиндагиам мешавам”, - мегӯяд Насим Оқилов.

Модари ин мард ҳам танҳо мехоҳад писараш ҷарроҳӣ шавад ва “аз пайи кору зиндагиаш шавад. Баъди сари ман худо медонад, ин якҷоя хоб рафта ба ҳамин аз гуруснагӣ мемирад. Ман ҳаминро намехоҳам”.

Солона дар садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон садҳо кас кушта ва маъюби якумрӣ мешаванд. Дар чанд соли охир чунин садамаҳо бо "скутер" ва "самокат"-ҳо низ зиёд шудаанд. Ба ин хотир дар шаҳри Душанбе истифодаи чунин навъи нақлиётро муваққатан манъ карданд. Эҳтимол ин қарор ба дигар минтақаҳо низ таъсир расонад.