Хешовандони навзоде, ки рӯзи 11-уми октябр аз як таваллудхонаи марказии Душанбе дуздида шудааст, мегӯянд, аз нашри гузоришҳои беасос дар бораи пайдо кардани тифли 4-рӯза сахт ошуфта ва нороҳат ҳастанд.
“Ғами моро дучанд мекунанд”
Яке аз наздикони Мавзуна Акрамова, модари тифл, рӯзи 15-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти интизомӣ ҳеч нишонае аз фарзанди хонаводаро наёфтаанд. “Модари кӯдак ҳанӯз дар таваллудхона аст ва мегӯяд, то замоне бачаашро барнагардонанд, зойишгоҳро тарк намекунад,” – афзуд мусоҳиби мо. Номи ӯ ба далели пеш наомадани мушкил дар кору зиндагияш нашр намешавад.
Рӯзи 14-уми октябр чанде аз расонаҳои Тоҷикистон бо такя ба Раёсати корҳои дохилии Душанбе хабар доданд, ки гуё тифли навзодро аз шаҳри Ваҳдат ёфтаанд. Ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ паҳн шуд. На Раёсати корҳои дохилии Душанбе ва на мақомоти Пажӯҳишгоҳи модару кӯдак дар ин бора изҳори назар накардаанд.
Пажӯҳишгоҳи модару кӯдак
Мақомоти интизомии Душанбе умдатан дар бораи ифшои ягон ҷинояти пурсарусадо зуд хабар медиҳанд, ки гумонбар ба ҷиноят ба “шарофати амалиёти фаврӣ ва кори касбии кормандони милиса” дастгир шуд.
Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, ки аз мақомот дастур гирифтааст, бо расонаҳо суҳбат накунад, бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, хабар ҳеч асос надорад, чун бо онҳо касе тамос нагирифтааст ва кӯдакро ҳам барнагардондаанд.
Ӯ пурсид, “чаро расонаҳо хабари дурӯғ навишта, ғами моро дучанд мекунанд. Мардум тез бовар карданд, гуноҳро ба гардани хешу таборҳои мо бастанд, ки ин дурӯғи маҳз аст.”
“Мегӯянд, ҷустуҷӯ дорем, аммо...”
Тифли навзоди Мавзуна Акрамоваи 19-сола ва сокини ноҳияи Нуробод нимашаби 11-уми октябр аз зоишгоҳи Пажӯҳишгоҳи модару кӯдак, муҳимтарин маркази ташхиси тиббӣ ва муолиҷаи модарон ва навзодон дар Тоҷикистон, гум шуд.
Ягон хешу табор дар берун намонд, ҳамаро гирифта бурданд. Ҳеч кас ба гардан намегирад. Кормандони таваллудхонаро ҷавоб доданд, ё не, намедонам. Мегӯянд, ки ҷустуҷӯ дорем, вале ягон навигарӣ нест.
Маълум нест, ӯро кӣ ва чӣ гуна пинҳонӣ аз таваллудхона берун бурдааст. Вуруд ба утоқҳои беморон ё аёдати онҳо дар нимашабӣ дар шифохонаҳои Тоҷикистон мамнуъ аст.
Мусоҳиби Радиои Озодӣ сабти як дурбини назоратиро ба Радиои Озодӣ фиристод, ки дар он дида мешавад, як зани ниқобпӯше дар либоси сабзи тамизкорони таваллудхона дар даст кӯдаки навзоде аз назди зойишгоҳ башитоб дур мешавад, аммо аслӣ будани видео барои Радиои Озодӣ маълум нест.
Хешованди Мавзуна Акрамова гуфт, мақомоти интизомӣ тафтишро идома медиҳанд ва хешовандонро бозпурсӣ мекунанд. Ба қавли ӯ: “Ягон хешутабор дар берун намонд, ҳама хешу таборро гирифта бурданд. Ягон навигарӣ нест, ҳеч кас ба гардан намегирад. Кормандони таваллудхонаро ҷавоб доданд, ё не намедонам. Мегӯянд, ки ҷустуҷӯ дорем, вале ягон навигарӣ нест.”
Яке аз табибони Пажӯҳишгоҳи модару кӯдак дар посух ба ин суоли Радиои Озодӣ, ки оё ҳеч хабаре дар бораи тифли навзод ҳаст, гуфт, ки “мо ягон хабари дигаре надорем.”
Дар Тоҷикистон нопадид шудани навзод аз таваллудхона бисёр кам иттифоқ афтодааст, вале соли 2023 як зани 45-сола аз ноҳияи Хуросонро бо гуноҳи дуздидани тифли дурӯза аз зоишгоҳи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба 8 сол зиндон маҳкум карданд.
Муфаттишон баъди як ҳафтаи ҷустуҷӯ тифли навзодро пайдо карданд ва зан ба мақомот гуфтааст, аз тарси онки шавҳараш барои дигар фарзанд наовардан аз ӯ ҷудо мешавад, тифлро дуздид ва ба шавҳари муҳоҷираш ҳамчун фарзанди хеш нишон додааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тифли гумшударо дар Душанбе то ҳол наёфтаанд