Димон Ашӯров, машҳур бо номи Давлатбек, яке аз фаъолони ҷамъиятии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз зиндон озод шудааст.
Вай дар соли 2013 ба ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, бетартибиҳои оммавӣ, зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат, фирор ва тақаллуби ҳуҷҷатҳо гунаҳкор ва ба дувоздаҳ сол зиндон маҳкум шуда буд. Пайвандонаш ба бегуноҳии ӯ таъкид мекарданд.
Зебо Мамадназарова
Зебо Мамадназарова, модари Димон Ашӯров, рӯзи 21-уми апрел дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Хоруғ раҳоии писарашро тасдиқ кард, аммо тафсилот надод, ки ҳоло ӯ дар чӣ вазъ аст ва чӣ нақша дорад.
Ашӯров то ин дам дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат нигоҳ дошта мешуд.
Мақомоти Тоҷикистон ӯро, ки яке аз наздикони фармондеҳи собиқи мухолифон, Имомназар Имомназаров, дониста мешавад, дар моҳи августи соли 2013 боздошт карда, вале дертар хабар доданд, ки гӯё аз ошёнаи севуми Раёсати корҳои дохилии ВМКБ худро ба замин партофтаву осеб бардоштааст.
Ӯ барои муолиҷа ба шаҳри Урумчӣ рафт, аммо Чин ба Душанбе таслим кард. Ходимони Кумитаи амнияти давлатии Тоҷикистон Димон Ашӯровро дар фурудгоҳи пойтахт боздошт намуданд.
Анвар Қаноатов, як намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон, дар соли 2013 дар номае ба Радиои Озодӣ навишта буд, ки парвандаи Димон Ашӯров “ҷиноятҳои содиркардаи ӯ хусусияти сирф ҳуқуқӣ-ҷиноӣ доранд”. Ин дар ҳолест, ки наздиконаш ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қазияи ӯро дорои ангезаи сиёсӣ медонистанд.
Боздошти Димон Ашӯров дар пайи амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Бадахшон сурат гирифт. Ин амалиёт баъд аз кушта шудани Абдулло Назаров, сардори пешини Раёсати КДАМ дар вилоят, роҳандозӣ шуда, дар натиҷаи он чандин нафар ба ҳалокат расиданд.